Дар МД ” Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” вобаста ба пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба COVID- 19 ҷаласа доир шуд
Имрӯз бо ташабусси роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухтарова бо иштироки Ораш Алоӣ директори Муассисаи байналмилалии тандурустӣ ва омӯзиш дар ИМА ва намояндагони марказҳои саломатии шаҳрӣ, ки пайваста ба корҳои пешгирикунанда оид ба бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ фаъолият мекунанд, ҷаласа гузаронида шуд.
Дар ин ҷаласаи мазкур вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Covid-19 маълумотҳои мушаххас пешниҳод шуда, роҷеъ ба пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни аҳолӣ, дастуру супоришҳои фаврӣ дода шуд.
Зикр шуд, ки чораҳои пешгирикунанда ва таъмини аҳолӣ бо иттилоотҳои саривақтӣ оид ба пешгирии бемории Covid-19, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси Covid -19 мебошад.
Аз ин лиҳоз пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Covid-19 ҷиҳати паҳн нашудани ин вирус мусоидат мекунад. Зеро аксарияти шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гаштугузор қоидаҳои зарурии пешгирикунандаи бемории коронавирусро риоя намекунанд, ки ин боиси паҳн шудани вируси Covid-19 мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки дар давраи паҳншавии бемории сироятии Covid-19, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қойдаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро риоя намояд ва саломатии худ ва наздиконро дар хатар нагузорад.
Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон бино ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудаанд.
Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.