ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №58-И НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

199

Санаи 13-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Парвина Мухторова – Директори Муассисаи давлатии Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Сафаров Зариф – Раиси собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таблиғу ташвиқӣ сарфаю сариштакорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз ба сокинони шаҳраки 62 мкр   -и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, З. Сафаров вобаста ба риояи талаботи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирии пошхӯрии  оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки “бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Дар идомаи вохӯрӣ П.Мухторова вобаста риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуд.
Инчунин, қайд гардид, ки фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд, иброз намуд П.Мухторова.
Мухторова Парвина таъкид намуд, ки барои аз чунин мушкили баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмони машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост.
Сипас, Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки “мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, равона гардидааст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст”.
Инчунин, қайд гардид, ки қонуни мазкур як зумра ҷашну маросим ва анъанаҳои бемаъниро, ки аслан барои фарҳанги милливу динии мо бегона буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба таври сунъӣ ба фарҳанги миллии мо ворид гаштаанд, аз байн бурд ва маросимҳои соф миллиро дар худ нигоҳ дошт. Он на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки рушди ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, ба он нигаронда шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон муайян мекунад, иброз дошт А.Шоҳиён.
Манбаъ: ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.