ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ВА ҒАЙРИСИРОЯТӢ ГӮШАИ ИТТИЛООТӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАД

66

Дар Боғи фарҳангии шаҳри Бохтар барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ  ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ аз ҷониби кормандони Муассисаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Хатлон гӯшаи иттилоотӣ ташкил гардидааст.

Аз ҷониби кормандони Марказ ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирии бемориҳои фарбеҳӣ, деабети қанд, даст кашидан аз одатҳои номатлуб ва дуруст ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим дастрас гардиданд. Инчунин ба шаҳрвандон доир ба тарзи ҳаёти солим тавсияҳо низ дода мешавад.

Гуфта шуд,  ки саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».

Ба андешаи олимон инсон метавонад 100 сол умр бинад, агар аз лаҳзаи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро риоя намояд. Зеро тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2021 «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солимро барои солҳои 2022-2026» қабул намуд. Ин барнома роҳнамои кори тамоми кормандони марказҳои тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳадафи асосии барнома ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути асосҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

Дар назар аст, ки чунин гӯшаҳои иттилоотӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда шаванд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.