Бо мақсади коҳиш додани вазъи бемориҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзиши аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» доир гардида истодааст.
Ҳадафи давраи омӯзиш, ин баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нисбат ба бемориҳои сироятӣ аз ҷумла бемориҳое, ки аз ҳайвон ба инсон мегузарад, мебошад.
Гурӯҳи корӣ дар тамоми маҳалла ва ноҳияҳои вилоят бо сокинон вохӯрӣ ва семинарҳо доир намуда ба онҳо варақаи иттилоотӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дастрас ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда истоданд.
Дар семинар гуфта шуд, ки бемориҳои сироятӣ зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо ва содатаринҳои бемориовар бо вуҷуд меоянд. Он бо воситаи ҳаво, ғизо, нӯшокӣ ба шахси солим сироят мекунанд. Инчунин, ғизои носолим, хастагӣ ва ҳарорати баланди ҳаво ва дигар омоилҳо боиси авҷи бемориҳои сироятӣ низ мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки семинари омӯзиши бо мақсади амалишавии бандҳои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 202-2026» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» гузаронида шуда истодааст. Зеро солимии ҷомеа яке аз ҳадафҳои афзалятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат барои солим нигоҳ доштани шаҳрвадон тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.