Дар шаҳри Душанбе доир ба муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд

168

Дар шаҳри Душанбе доир ба муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ҳаоиши мазкур намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ иштирок намуда, атрофии бемории сил, ташхису табобат ва мақсади асосии лоиҳаи мазкур маълумот гирифтанд.

Мушовири минтақавии  лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҷамила Исмоилова сухан карда иброз намуд, ки мақсади асосии лоиҳа коҳиш додани шумораи гирифторони бемории сил дар  Осиёи Марказӣ ва беҳтар кардани ташхису табобат мебошад.

«Сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он микробактерияи сил, микроби чӯбчашакли «Кох» мебошад.  Бемории мазкур аз одами бемор ба нафари солим тавассути ҳаво ҳангоми сулфазанӣ,  атсазанӣ мегузарад. Сил бемории ирсӣ набуда, он ҳангоми истеъмоли ғизо ва муошират ба шахси дигар сироят мекунад»,- гуфт мутахассиси лоиҳа Ҳурия Ҳисомова.

Ба зикри номбурда,  як нафар бемори гирифтори сил  метавонад дар 1 сол то 10-15 нафарро ба бемори гирифтор кунад. Пешгирӣ ва муолиҷаи беморӣ  дар Тоҷикистон сол  то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда, шумораи гирифторон кам гардидааст. Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ чораҳои муаасир  меандешанд. Ҳоло ташхису табобати бемории сил ройгон мебошанд. Боиси хушнудист, ки  ҳоло аҳолӣ  дар бораи бемории сил маълумоти бештар дастрас намуда, сатҳи огоҳиашон нисбати ин беморӣ меафзояд. Тавре таъкид мегардад, пешгирии беморӣ аз муолиҷаи он осонтар аст.

Ҳамчунин устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим атрофи «Меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти журналист ҳангоми инъикоси масоили гирифторони бемории сил» андешаронӣ намуда, баён дошт, ки  бояд журналист ҳангоми омода намудани ин ё он мавод набояд аз доираи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ берун барояд.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумотҳои ҷойдошта, соли 2018 дар ҷаҳон 10 миллион гирифтори бемории сил ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 90 фоизи онро калонсолон ташкил медиҳанд.
Соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  6 ҳазору 279 ҳолати гирифторшавӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шуда, соли  2018 ин шумора ба 5 ҳазору 975 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 1882  дар Олмон  Роберт Кох  пас аз  17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд,  ки онро батсилаи Кох (БК)  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани  балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ барангезандаеро пайдо кард.  

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Лоиҳаи  USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар шаҳри Душанбе доир ба муаррифии Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.