Дар толори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд бо иштироки намояндаи идораи тандурустии вилояти Суғд Сиддиқова Малика Шавкатовна оид ба ҷамъбасти фаъолияти МТТҲС дар соли 2020 ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид
Дар оғоз ҳисоботи директори МТТҲС дар вилояти Суғд Хоҷаева З. О. шунида мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҳисоботи худ директори марказ оид ба бурду бохт ва фаъолияти МТТҲС маълумот дод. Намояндаи идораи тандурустии вилоят Сиддиқова Малика Шавкатовна ҳисоботи сарварони МТТҲС дар шаҳру навоҳии вилоятро шунида барои ислоҳи камбудиҳо супориш ва маслиҳатҳои судманд дод. Бо масъалагузорӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.