Дастрасӣ бо маълумот оид ба коронавирус барои мусофирон

481
Бо дарназардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус ва ҷиҳати ҳар чи бештар фаро гирифтани шаҳрвандон дар бораи ин беморӣ корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шудааст.   Доштани маълумот оид ба сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии сирояти коронавирус метавонад шаҳрвандонро аз гирифторшавӣ ба он эмин нигоҳ дорад. Ҳамин тавр, барои мусофирон дар толори нақлиёти Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе  тариқи баландгӯяк маълумоти зарурӣ пахш гардонида мешавад.

 

Шарҳҳо баста шудаанд.