ДАВОМИ ЯК ШАБОНАРӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ ГИРИФТОРШАВӢ БА БЕМОРИИ COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ

173

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар маҷмӯъ то имрӯз, 17 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.