Бемории диабети қанд бемории ғадуди зери меъда буда, нишонаи асосии он бисёр ё кам ҳосил шудани инсулин, ки ба тағйирёбии мубодилаи моддаҳо оварда мерасонад.
Сабабҳои ба бемории қанд гирифтор шудан
- Ирсият
- Изтироб (тарс)
- Бемориҳои гипофиз
- Бемориҳои ғадуди сипаршакл ва занони аз 40 сола боло
Бемории диабети қанд 2 намуд мешавад
Навъи 1
Ҷавонони то 20 сола имкони гирифтор шудан ба бемории қардро доранд.
Навъи 2
Пиронсолон ва занони аз 40 сола боло
Нишонаҳои гирифтор шудан ба бемории диабенти қанд
- аз меъёр зиёд нушидани моэъ (об) то 10 литр
- қоқшавии даҳон ва пурхӯрӣ
- зиёд пешоб намудан то 8 литр ва хориши пуст
- бемадорӣ ва паст шудани иммунитет
Таъсири бемории қанд ба узҳои бадан
Бемории қанд ба майнаи сар, чашмон, фаъолияти гурдаҳо, узви такягоҳу ҳаракат яъне пойҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ташхисии ин беморӣ бо усули супоридани хун муайян мешавад. Меъёри қанд дар хун аз 3,3 то 6,6 дар баъзе мавридҳо то 8 баробар аст. Барои табобати бемории диабети қанд, каме аз паҳрезкорӣ бояд кор гирифт. Яъне худдорӣ намудан аз истеъмоли зиёди хурокхурӣ аз ҷумла (нон, ширинӣ, бирёнӣ, тезӣ, шурӣ ва қаҳва). Бештари табибон ба худтабобаткуниро бар зиёни шахс медонанд, аз ин лиҳоз ҳамеша таҳти назорати табибон табобат гирифтан ба маврид аст. Тавсия дода мешавад, ки шахси бемории диабети қанд дошта аз рӯи гуфтаҳои табибон бояд табобат гирад.
Таҳияи: Парвина Ятимова коромӯзи МД “МҶТТҲС”