Яке аз бемориҳое, ки имрӯз тамоми дунёро ба ташвиш овардааст ин бемории сироятии Covid-19 мебошад, ки мо дар бораи ин вирус алакай маълумот дорем, ҳарчанд, ки олимони тамоми соҳаи тандурустии сайёра баҳри муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ талош менамоянд то ин ки садҳи роҳаш гарданд. Аммо мутаассифона ба кулли муясар намегардад.
Тибқи оморҳо ва тавсияҳои олимони соҳаи тиб нишонаҳои ин беморӣ ба монанди нишонаҳои бемории сироятии зуком буда, метавонад ба кӯдакон таъсири худро расонад. Нишонаҳои зуком аз коронавирус қариб ягон фарқияте надорад, зуком инсонро ба беҳолӣ, таби баланд, сулфа, гум шудани иштиҳо, резиши оби бинӣ, инчунин дарди гулӯ оварда мерасонад. Коронавирус низ ҳамин гунна нишонаҳоро доро мебошад. Аз ин рӯ агар чунин нишонаҳоро дар кӯдакони худ мушоҳида намудед, ҳатман ба тиббӣ оилавии худ тамос гирифта ва аз онҳо машварат пурсед.
Ёдовар шуд, ки кӯдакон ба ин беморӣ камтар гирифтор шуда нишонаҳои номаълум дорад, давраи ниҳоии бемории сирояти коронавирус ба кӯдакон аз 5-7 ва дар калонсолон бошад то 14 рӯзро дар бар мегирад, кӯдаконе, ки ба Covid-19 гирифтор мешаванд онҳо ин бемориро сабуктар паси сар мекунанд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро сирояти коронавирус дар кӯдакон нисбат ба калонсолон сабук паси сар мешаванд?
Дар ин бора илмӣ исботшуда мавҷуд нест. Аммо гуфта метавонем, ки кӯдакон нисбат ба калонсолон ба бемориҳои шараёнӣ камтар гирифторанд, чун нафароне, ки ба ин бемориҳо гирифтор шуда бошанд масъунияти онҳо паст гашта ба ҳаргуна бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд, илова бар ин кӯдакон нисбат ба калонсонлон камтар дар манотиқи вирусҳо гашту гузор мекунанд.
Тавсияҳо оид ба пешгирии Covid19 дар кӯдакон:
- Тадбирҳои асосии пешгирикунанда барои калонсолон ва кӯдакон ин риояи гигиенаи шахсӣ мебошад. Дастҳо бояд зуд-зуд ва бо диққат шуста шаванд. Дар ҳолати ба сайру гашт баромадан ҳатман бо худ маҳлулҳои антисептикӣ гирифта ва аз гаштугузор дар ҷойҳои серодам худдорӣ намудан ба мафиати кор аст.
- Таҳти назорат гирифтани кӯдакон ва пайваста ба онҳо тавссияҳо оид ба тозагӣ додан, яке аз омилҳои пешгирӣ аз ин беморӣ ба шумор меравад;
- Ҳангоми баромадани кӯдак аз хона ё баракс, ба маълумоташ расонед, ки оё пешгирӣ аз ин бемориро риоя карда истодааст ё ин ки не ва агар суоле пайдо шавад, ҳатман ба ӯ бо забони нарм ҷавоб гуед;
- Дар мавриде, ки кӯдаконро бо худ ба ин ё он ҷои серодам (туй, маърака, бозор, марказҳои савдо) мебаред, ҳатман ба онҳо таваҷҷӯҳи хосе дошта бошед;
- Барои таъмини витаминҳо ба кӯдаконатон ғизои саривақтӣ ва хӯрокҳои серғизо диҳед;
Таҳияи Азизаи Саид