Форуми ҷумҳуриявӣ “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа”
9-уми октябри соли ҷорӣ мутахассисони Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” иштирок намуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби кормандони Марказ ба шаҳрвандон аз ҷумла, ҷованон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, сил, бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Дар форуми мазкур муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Идигул Қосимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, олимону муҳаққиқони ҷавон, занони барӯманди ҷумҳурӣ, намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва донишҷӯ духтарон иштирок намуданд.
Шарҳҳо баста шудаанд.