Гармии ҳаво

101

Бо фаро расидани фасли гармо боз як қатор бемориҳои дигаре ба вуҷуд меоянд, ки ба саломатии мо зараровар мебошанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар фасли тобистон шадидтар гарм шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои мо ба назар мерасадБоло рафтани дараҷаи ҳаво пеш аз ҳама ба саломатии сокинон ба низоми кор, ва хусусан барои деҳқонону бозорнишинон мушкилиро пеш хоҳад овард. Ҳавои гарм ба саломатии одамоне, ки дар вуҷуди худ бемориҳои гуногунро доранд зараровар мебошад, аз ҷумла фишорбаландӣ , сактаи дил, беморони  диабети қанд дошта, бемориҳои  роҳҳои нафас ( астма) бемориҳои ҳормониадуди сипаршакл) ин бемориҳои номбаршуда дар чунин ҳавои гарм афзоиш меёбанд. Дар баробари ин  бемориҳои сироятӣ дар фасли гармо бештар дар байни кӯдакон зиёдтар мегардад. Ин аз истеъмоли меваю сабзавоти ношуста  хӯрокҳои тезтайёре ки дар кӯча омода карда мешаванд ва дар ин гарми зудвайроншавандаанд ба вуҷуд меояд. Кӯдакон бештар аз истеъмоли обҳои хунуки газдор ва меваҳои ношуста бештар ба дарунравӣ гирифтор мешаванд, дар ҳавои гарм оби зиёд нушидан бамаврид аст ва ин ташнагиро рафъ месозад, аммо  ба кӯдакон бояд оби ҷӯшонидашудаи дар ҳарорати хона хунукшударо додан лозим аст . Кӯдакон дар ин гармо бештар дар кулу ҷӯйборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд ва дар ин ҳолат падару модарон онҳоро бояд беназорат намонад чунки оби ифлос сабаби бавуҷуд омадани бемориҳои гуногуни сироятӣ мегардад. Сокинон бешатар беҳоливу бемадорӣ ва аз  нафастангӣ  дар ин гарми шикоят мекунад. Ҳарорати гармие, ки барои инсон имконпазир аст ва барои саломатии он безарар  мебошад, онро  дараҷаи биологӣ ном мебаранд. Яъне вақте ки дараҷаи гарми аз 40 мегузарад ин ба ғафс шудани хуни инсон меорад,ки ба беморони сактаи дил, ҳамлаи мағзи сабаб шуда фишори хунро боло мебарад. Ба гуфтаи табибон аз соати  12 то 16 гаштугузор ва ҳаракат намудан дар ин ҳавои гарм мушкилиро ба вуҷуд меорад  аз ин сабаб шахсони бемориҳои ҳамрадиф дошта  бояд ба саломатии худ бештар аҳамият диҳанд ва ҳангоми ба кӯча баромадан аз чатрҳои зиддиофтобӣ истифода баранд.

 

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.