Гепатити вирусии А

92

   Гепатити  вирусии  А  бемории сирояткунанда буда дар он бештар ҷигари инсон зарар мебинад. Ин бемории мавсимӣ  буда дар вақтҳои тирамоҳу  зимистон рост меояд, ки ба он шумораи зиёди аҳолӣ ва бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Роҳҳои асосии сироятёбӣ ин аз шахси бемор ҳангоми риоя накардани  қоидаҳои  санитарӣ, ё аз манбаҳои ифлос нӯшидани об, аз маводҳои хӯрокае ки он тавассути пашшаҳо бо барангезандаи гепатит сироят ёфтааст мебошад. Сабабҳои асосии  гирифторшави ба гепатит  гуногун мебошанд. Дар кӯдакон мисол  дар фасли тирамоҳ  аз мева, об, хӯрокҳои  бо барангезандагони гепатит сироятёфта ва дастони ношуста пайдо мешавад.  Бемороне ки бо гепатит сироят ёфтаанд бо чунин нишонаю  шикоятҳо муроҷиат мекунанд.

  • Дард дар зери қабурғаи рост
  • Ҳисси вазнини ва тарангии шикам
  • Талхи ва хӯшкии даҳон
  • Дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ
  • Дардҳо дар буғумҳо
  • Баландшавии ҳарорати бадан
  • Гум шудани иштиҳо
  • Бемадорӣ бадшавии хоб
  • Зардшавии сафедпардаи чашм
  • Сурхи ҷигаранг шудани пешоб ва сафедшавии ранги ахлот 
  • Ҳаҷман  калоншавии ҷигар

Дар вақти ба зардпарвин гирифтор шудан бояд ба табиби оилавӣ  муроҷиат намоед, чунки баъзан вақт ин беморӣ  бе зард шудани пусту сафедпардаи чашм пайдо мегардад. Ин бемориро бо усули супоридани хун муайян мекунанд, дар таҳлили хун афзудани суръати таҳшиншавии эритроситҳо лейкоситҳо пайдо  мегардад. Аз ҳама шакли вазнини бемори ин намудҳои вирусии  гепатит мебошад, ки тавассути хун ба одамон мегузарад. Он ба панҷ гуруҳи асоси тақсим мешавад. А, В, С, Д ва  Е. Гепатитҳои  В ва С сарчашмаи  асосии  сироз  ва саратони ҷигар буда  ҳамчун гепатитҳои хатарнок барои инсонҳо маълум аст. Гепатити  В ва С ба одамон бо роҳи истифода аз як сӯзандору, дастгоҳҳои ришгирӣ, чуткаи дандоншӯӣ, ва дар умум бо роҳи хун мегузарад. Дар вақти табобат накардани гепатитҳо он ба  фаъолияти ҷигар таъсир расонида саратони ҷигарро  ба вуҷуд меорад.

Чораҳои пешгирикунандаи Гепатити  вирусии А 

  • шустани дастон пеш аз хӯрокхӯрӣ, баъд аз ҳоҷатхона баромадан, баъд аз кор, баъд аз сайругашт баргаштан ва ғайра 
  • сабзавот, меваҳои буттагӣ, мевагӣ, кабутиро зери фишори сахти об шуста, бо оби ҷушонида чайқа кардан лозим аст
  • танҳо оби ҷушонидаро нӯшидан лозим 
  • дар обанборҳо оббозӣ кардан лозим нест 
  • хона, ҳуҷраҳое ки дар он одамон мебошанд- ҷойи кор, иншоотҳои хӯроки умумӣ, савдо, маишӣ ва саноатиро ҳамеша тоза нигоҳ доштан лозим 
  • Барои пешгирии паҳншавии зардпарвин, бемор бояд сари вақт бистарӣ карда шавад.

  Беҳтарин роҳи табобат ин сари вақт муроҷиат намудан  ва муолиҷа кардан аст.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.