Ғизои солим таъминкунандаи саломатии солим аст

203

Ғизои дуруст ин асоси некӯаҳволӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҳар он чизе, ки инсон истеъмол менамояд ба намуди зоҳирӣ ва рӯҳияи ӯ таъсири хуб мебахшад. Ҳар як шахс бояд ҳамарӯза тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро риоя намуда, баҳри солимии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Вобаста ба дуруст истеъмол намудан, моро мебояд ба тарзи истеъмоли дурусти ғизо аз ҷумла, чӣ гунна итеъмол намудани хӯрок, инчунин  дар таркиби хӯроке, ки истеъмол менамоем чӣ гунна калорияҳо мавҷуд аст аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Тарзи дуруст истеъмол намудани ғизо  рушд, ҳаёт ва саломатии бадани ҳар як одамро таъмин мекунад.

Ғизои дуруст дар таркибаш ҳама гунна моддаҳои фоиданокро дар бар гирифта ба шахс таъсири мусбат мебахшад, инчунин  бо риояи истеъмоли дуруст инсон метавонад калиди саломатии худро ба даст оварад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2019 Созмони миллали муттаҳид 7 – июнро ҳамчун рӯзи бехатрии ғизо дар тамоми ҷаҳон эълон карда буд. Мақсад аз эълон намудани 7 – июн ҳамчун рӯзӣ бехатрии ғизо ин таъсири ҳаргуна маводҳои заҳрогин ба монанди бактерияҳо, алфатаксинҳо, охратаксинҳо ва ё микротаксинҳо мебошад. Бехатарии ғизо ин дастрасии аҳолӣ ба маҳсулотҳои ғизоӣ буда ҳар як нафарро мебояд, ғизоро оқилона ва самарабахш истеъмол намояд.

Ғизои солим таъминкунандаи саломатии солим астЛозим ба ёдоварист, ки бехатраии ғизо асосан аз соҳаҳои баҳам пайванди мухталиф яъне соҳаи тандурустӣ, хоҷагиҳои қишлоқ, савдо, саноат, туризм ва муҳити зист вобастагии зиёд дорад. Ҳар як маҳсулоте, ки имрӯз мардум харидорӣ менамоянду аз он ғизо омода мекунад бояд, ки ба санаи муҳлаташон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгу бошанд, чун он маҳсулотҳое, ки ба талабот ҷавобгу нест ва муҳлати истифодабариашон гузаштааст, метавонад инсонро ба ҳаргуна беморӣ аз ҷумла ба мубталои бемории дилу рагҳои хунгард оварда расонад.

Ғизои солим таъминкунандаи саломатии солим астОн нафароне, ки ба омода намудани ғизо сару кор доранд масъулияти бештар бар дӯши онҳо мебошад, чун пеш аз омода намудани ғизо сараввал бояд ба нохунҳо ва тоза шустани дастон новобаста аз зан ва мард буданаш аҳамияти ҷиддӣ диҳад.

Инчунин он маҳсулотҳоеро, ки барои омода намудани  ғизо мегиранд, бояд тоза шуста ва баъдан хӯрок омода намоянд. Он маҳсулотҳоеро, ки омода менамоянд ва ё харидори мекунанд  бояд дар як ҳарорати муайян нигоҳдорӣ карда шаванд.

Ғизои солим таъминкунандаи саломатии солим астАгар шахс хоҳад, ки истеъмоли ғизои дурустро риоя намояд, пас ӯ бояд аз истеъмоли хӯрокҳои нимпухта аз лиҳози гушти гов, мурғ ва ғизоҳои равғание, ки дар  таркибаш сафедаҳо ва карбогидратҳо мавҷуданд худдорӣ намоянд., инчунин сабзавотҳои аз лиҳози экологӣ тоза истеъмол кунад. Он ғизоҳоеро, ки аз гӯшт омода мекунанд бояд хуб бирён ва ё ҷушонанд, он маҳсулотҳоеро, ки нимпухта ё умуман намеҷушонд истеъмол намоянд метавонад одамро ба бемориҳои гуногун оварда расонад. Инчунин дар мавриди обҳои ташнашикан гуфтаниям, ки  ҳастанд нафароне, ки баҳри шикастани ташнагии худ бар ивази оби тозаи бегаз аз нӯшокиҳои газдори ранга, ки дар таркиби онҳо маводҳои кимиёвӣ  ва ҳатто таъсири бади саратоновари доранд гуфта мешавад, ки баҳри шикастани ташнагии худ аз обҳои бегаз истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки мо баҳри солим нигоҳ доштани саломатӣ  ва истеъмоли дурусти ғизо сухан меронем, пас кӯшиш намоем то  ғизоҳое, ки ба саломатии мо манфиат меорад истеъмол кунем ва  ҳамарӯза дар як вақту соат хӯрок бихӯрем  бо ин тараз  метавонем ҳаёти солимро  риоя намоем ва он нафароне, ки ба одатҳои бад, ба монанди тамокукашӣ, истеъмоли машрубот даст мезананд  кӯшиш намояд аз ин одатҳои номатлуб даст кашанд.

Ғизои солим таъминкунандаи саломатии солим астИмрӯз дар дунё миқдори зиёди маҳсулотҳои гуногуни ғизои истеҳсол мешаванд ва бехатарии онҳо барои саломатии инсон, ниҳоят муҳим мебошад. Дар дунё одамони зиёде  аз нодуруст истеъмол намудани маҳсулотҳои ғизоӣ ва ғизо мубталои бемориҳои гуногун гардидаанд, он маҳсулотҳое, ки бо маводҳои кимиёвию бактерияологие, ки олуда шудаанд метавонад одамро ба 200 намуди бемориҳо аз ҷумла бемории саратон бигардонад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамасола зиёда аз 600 млн нафар одам дар дунё  аз истеъмоли ғизои нодуруст ба ҳар гунна бемориҳои хатарнок мубтало мешаванд ва тақрибан 4200 ҳазор нафари онҳо мефавтанд, 40 фисади мубталошудагон аз маҳсулоти нодуруст ба кӯдакони то 5 сола рост меояд, ки ҳамасола ҳаёти 125 ҳазор кӯдакон аз истеъмоли нодурустӣ ғизо зери хатар мемонад.

Азиза Саидова

Шарҳҳо баста шудаанд.