Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Мақомоти маҳалии ноҳияи Ванҷ оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҷамоати деҳоти Язғулом миёни аҳолӣ фестивал гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии тибббии аҳолӣ мебошад.