Гузаронидани мониторинг оид ба пешгирии бемории коронавирус дар ш. Хуҷанд, аз ҷониби мутахассисони МД “МҶТТҲС”

3,799

Вохӯрии мутахассисони МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бегматов Н.Н., Худойқулова Д.А  бо муовини раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода, ҷиҳати гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус.

Ҳадаф аз гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама пайваста огоҳ намудани муасилин ҷиҳати пешгирии бемории сироятии  коронавирус ба ҳисоб рафта, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳангоми дидан намудан аз чораҳои пешгирикунанда муайян гашт, ки масъулин ва муасилин дар мубориза бо ин беморӣ масъулият барзима доранд.

Инчунин дар идомаи сафар мутахассисон бо сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода вохӯрӣ намуда, аз чораҳои пешгирикунанда дар марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Дар анҷоми ҳар як вохӯрӣ боназардошти он ки пешгирии ин беморӣ ҷидди ба роҳ монда шудааст, мутахассисон маълумотҳои иловагӣ пешниҳод намуданд.

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.