Тамокууашӣ беморие мебошад, ки организми инсонро ба заҳролудшавии шадид меорад.Тамоку на танҳо ба одаме ки онро истифода мебарад, балки дуди заҳрноки он ҳам ба одамони дар атрофаш буда зарар мерасонад. Ин мавод метавонад ба тамоми узвҳои инсон таъсири манфӣ расонад аз ҷумла ба системаи дилу рагҳои хунгард, узвҳои нафаскашӣ, системаи асаб, такягоҳу ҳаракат, сустшавии бадан ва паст шудани имунитет меорад.
Таъсири тамоку бештар ба шуш расида дар авали бемори нафаскашии инсон каме суст мегардад,баъдан бо гузашти якчанд моҳ ин ба ҳолати ҷиддӣ яъне ; харобшавии организм, дар ҳолати нафас кашидани бемор пайдо шудани овози хироси, камқувати ,заифу фарсуда шудани дандонҳо , асаби шудани бемор оварда мерасонад. Тамоку дар организм гардиши хунро суст мекунад ва ин барои кашонидани оксиген ба узву бофтаҳо мушкили меорад. Одамоне ки дуру дароз тамоку истифода мебаранд, дар охир онҳо ба бемории саратони шуш гирифтор мешаванд, барои он ки дар таркиби тамоку натанҳо як мавод балки якчанд моддаи заҳровар мавҷуд мебошад аз ҷумла никотин.
Дур шудан аз ин бемори руй овардан ба тарзи ҳаётӣ солим яъне даст кашидан аз тамоку ғизои фоидаовар истеъмол кардан, ба варзиш машғул шудан, эмин доштани саломатӣ аз одатҳои номатлуб вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад.