Роберт Кох–олими олмонӣ соли 1905, пас аз марг ба мукофоти олӣ–ҷоизаи Нобелӣ мушарраф гардид. Ин гувоҳ аз аҳамияти ҷаҳонӣ доштани кашфияти ӯ дар ҳаёти инсоният буд. Роберт Кох 24 марти соли 1882 дар ҷамъияти физиологҳои Олмон дар бораи кашфи барангезандаи бемории сил хабар дод. Ин барангезанда баъдан ба ифтихори ӯ «чӯбчамикроби Кох» ном гирифт.
Сил бемории сироятӣ аст. Манбаи асосии сироят шахси бемори сили шуш мебошад, ки ҳангоми атса ва сулфа задан, афкандани балғам, ҳатто дар вақти гапзанӣ барангезандаи бемориро ба муҳити атроф хориҷ ва паҳн мекунад. Чакраҳои ангезадори оби даҳону бинӣ то ба 2 метр паҳн мегарданд, балғами ба замин афканда бошад, хушк гашта, чӯбчамикробҳо аз 30 дақиқа то 2 соат дар ҳаво зинда мемонанд. Шахси солим аз ин ҳаво нафас кашида сироят меёбад. Гумон меравад, ки аз як нафар шахси бемори сил дар тӯли сол аз 10 то 15 одами солим сироят ёфтанаш мумкин аст…
Таҳқиқоти донишмандони тиб собит намуданд, ки чӯбчамикроби сил қобилияти зисти худро дар ҷавҳар, ишқор, спирт, ҷойҳои торику серрутубат ва ифлос муддати дароз ҳифз карда, ба таъсири муҳит хеле тобовар мебошад. Чӯбчамикроб қодир аст дар сардии 10 дараҷа чанд моҳ зинда монад, вале аз таъсири шуои офтоб дар даҳ дақиқа нобуд мегардад. Аз рӯи таснифоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (соли 1983) ангезандаи сил ба гурӯҳи 111 микробҳои касалиовар (патогеннӣ) маҳсуб дониста шудааст.
Роҳҳои сироят
Аслан сил бо ду роҳ сироят меёбад: ба воситаи нафаскашии ҳавоӣ аз қатраҳои оби даҳону бинӣ ва аз тариқи нафаскашии ҳавои олуда бо зарраҳои чӯбчамикроб. Зарраҳои калони микроб хеле зуд ба сару либос, болои мизу курсӣ мешинанд, заррачаҳои хурди чӯбчамикроб муддати тулонӣ дар ҳаво гардиш намуда, ҳангоми нафаскашӣ дар алвеола (ҳубобчаҳои нӯги найчаҳои шуш) такшин шуда, сабаби ангезиши сироят мешаванд. Чӯбчамикроб ба бадан ворид гашта ба узвҳои гуногун: банду устухонҳо, сутунмӯҳра, чашм, узвҳои дарунӣ, ғадудҳо, гурда, пӯст осеб мерасонад. Бештар аз ҳама чӯбчамикроб ба узвҳои нафаскашӣ, бахусус ба шуш осеб расонида, одамро ба бемории сили шуш мубтало менамояд.
Нишонаҳои беморӣ
Бемории сили шуш нишонаҳои зерин дорад: газаки нойҳои нафас, баъзан бо ваҳм сар мешавад ва монанди зуком, бронхит, илтиҳоби шуш вазъи бемор вазнин шуда камқувват мегардад. Гоҳо қафаси сина дард карда бемор месулфад. Ибтидо сулфа бе балғам, баъд балғамӣ ва ё хунолуд меояд, бемор хун мепартояд.
Хунравӣ метавонад яккарата ва чандинкарата шавад, он аз ҷойгиршавии манбаҳои сироят вобаста мебошад.
Бемории сил метавонад бидуни ҳеҷ гуна аломати хос низ пайдо шавад. Одатан, дар ин ҳолат одам худро бемор эҳсос намекунад, ӯ тадриҷан неру ва қуввати худро аз даст дода, баъдан беиштиҳоӣ, дамкӯтаҳӣ, шабонгоҳ арақкуниро эҳсос мекунад. Рафти минбаъдаи таъғирёбии авзои ӯ чунин сурат мегирад: таби на он қадар баланд (пагоҳӣ таби муътадил, бегоҳӣ то 37-37,5 дараҷа ), дар аввал сулфаи хушк, баъд бо балғам. Аломатҳои барои сил нокифоя ва барои аксар бемориҳо умумӣ баёнгари заҳролудии бадан мебошад ва танҳо аз рӯйи муоинаи балғам ва рентгенӣ сил дар марҳалаи аввали сироят муайян мегардад. Вақте шахс ба он аҳамият надиҳад, оҳиста-оҳиста дар шуш сӯрохӣ пайдо мешавад ва метавонад боиси ихроҷи балғами хунолуд гардад. Сулфа бо овози хиррӣ ва дардмандии гулӯ ҳангоми фурӯбарии ғизо нишонаҳои сили гулӯ мебошад. Он маъмулан шомгоҳон ва шабонгоҳ вусъат ёфта, барои бемор азиятнок мешавад. Балғами бемори сил луобии римдор аст. Агар дар таркиби балғам чӯбчамикроби Кох пайдо гардад, дар хусуси гирифторӣ ба бемории сил ягон шакку шубҳа боқӣ намемонад.
Бемории сил бидуни ягон аломати хос:
-Сулфаи давомдори зиёда аз 2-3 ҳафта, баъзан бо балғам ва хунтуфкунӣ;
-дарди қафаси сина;
-бемадорӣ;
-арақкунии шабона, ҳатто дар ҳавои сард низ;
-баландшавии ҳарорат;
-камшавии иштиҳо ва вазн;
-нафастангӣ.
Нишонаҳои умумӣ ва ҷузъӣ
Нишонаҳои умумӣ: бемадорӣ, хастагии доимӣ ва зиёдшаванда, бенизомии хоб, беиштиҳоӣ, лоғарӣ, баландшавии ҳарорати бадан, серарақӣ.
Нишонаҳои ҷузъӣ: нафастангӣ, сулфаи зиёда аз ду ҳафта, хунтуфкунӣ ва дарди қафаси сина. Дар ин маврид табиб бояд беморро фавран барои супоридани балғам ба озмоишгоҳ фиристад.
Лоғарӣ (харобӣ) аз нишонаҳои асосии бемориии сил мебошад. Лоғарӣ натиҷаи заҳролудии бадан бо микробҳои сил, якбора баландшавии табодули моддаҳо ва беиштиҳоӣ мебошад. Лоғарӣ аксаран аломати авҷи беморӣ аст.
Баландшавии таб яке аз «ҳамсафарон»-и доимии сил аст, аммо дар марҳалаи аввали сироятёбӣ чандон мушоҳида намегардад. Агар беморӣ муътадил ҷараён ёбад, ҳарорати бадан аз 37-37,2 боло нарафта, дар сатҳи эътидол боқӣ мемонад. Дар мавриди вусъати сил ҳарорати бадан то 38-39 дараҷа боло меравад, гоҳе пасту гоҳе ниҳоят баланд мегардад.
Шабона дар рахти хоб арақ кардан аз аломатҳои дигари хоси сил мебошад.
Дамкӯтаҳӣ: Дамкутаҳӣ маъмулан дар марҳалаҳои баъдӣ ба назар мерасад ва он нишонаи сили гулафшон ва дигар шаклҳои паҳнгаштаи сили шуш мебошад.
Нишонаҳои зоҳирии беморӣ рангпаридагии пӯст аст. Дар силбеморон дар кӯдакӣ лимфагиреҳи гардан, зери бағал ва оринҷ одатан варам карда ламс мешаванд.
Тағйиротҳо дар рӯдаю меъда низ аломатҳои марҳалаи авҷи беморианд. Беморон аксаран аз дарунравӣ ва ё қабзият (сахт шудани шикам) шикоят мекунанд.
Табибон хотиррасон мекунанд, ки аз сироят ба бемории сил ягон нафар эмин нест. Вале ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки сил табобатшаванда аст ва барои комилан сиҳат ёфтан бемор бояд сари вақт ба муолиҷа фаро гирифта шавад. Раванди табобат дар муддати на камтар аз 6-8 моҳ, бидуни таъхир бояд амалӣ гардад. Зеро, дар сурати аз идомаи табобат худдорӣ кардан бемор метавонад ба сили мутобиқшуда (барангезандаҳои сил бо доруҳои зиддисилӣ мутобиқ мешаванд) мубтало гардад. Бемори сили шакли мутобиқгашта бошад бояд на камтар аз 24 моҳ бе танаффус муолиҷа гардад.
Насимҷон Мирзоев,
рӯзноманигор