“Ҳимояи шири модар-масъулияти ҳар фард” – таҳти чунин унвон дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон доир мегардад
Аз 1 то 10 августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафтаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори “Ҳимояи шири модар-масъулияти ҳар фард” баргузор мегардад. Мақсад аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳӣ, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзҳои дурусти синамаконӣ, омӯзонидани занҳои ҳомила ва занҳои дорои кӯдакони ширмак дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ мебошад.
Дар ҷараёни ин маърака дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои иттилоотию омӯзишӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикии соҳавӣ, баромади мутахассисони соҳа тариқи ВАО вобаста ба ҳадаф ва мақсади баргузории ин маърака ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Бояд гуфт, ки аз 1 то 7 август дар тамоми ҷаҳон Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шуруъ аз соли 2001 ҳамасола аз 1 то 10 август ин маърака ҳамчун даҳа доир карда мешавад.
Тибқи таҳлилҳое, ки таи солҳои охир гузаронида шудааст, маълум гардид, ки кӯдаконе, ки ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Бино ба андеши табибон дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёд мебошад, ки ин ба организми кўдак лозим нест. Инчунин ба қадри лозима дар таркиби ғизоҳои сунъӣ витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳо мавҷуд нестанд ва дар ҳолати будан низ онҳо ҳангоми пухтани шир вайрон мешаванд. Сафедаҳои систин ва таурин, ки барои инкишофи мағзи сари кӯдак лозиманд дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар таркиби шири ҳайвонот линоре, ки барои ҳал намудани чарбҳо лозим аст, вуҷуд надорад. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кўдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рӯ кӯдак гуруснагиро эҳсос намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ низ мешаванд.
Аммо дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кӯдакро қонеъ гардонад, дар он сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6 -моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кӯдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо зарур аст. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кўдаки ширмак онро истеъмол менамояд. Аз ин рӯ ба модарон тавсия дода мешавад, ки кӯдакони худро бо шири худ ба воя расонанд.
МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”