Кормандони Муассисаи ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Шаҳринав, дар якчоягӣ бо кормандони Маркази санитарӣ эпидимиологии ноҳия рузҳои 26-27-28-29 акция чорабини баҳри пешгири ва паст кардани сатҳи бемории COVID -19 дар як қатор бозорҳо, мактабҳо, истгоҳҳо ва маҳалҳо гузаронида шуд.
![]()
Дар ин акция чорабинӣ ба воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ бо балангуяк гаштугузор намуда корҳои фаҳмондадиҳи оиди гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоб ва нишонаҳои бемории сироятии коронавирус таъкид карда шуд.
![]()
Ин чорабини таҳти унвони «Худ ва дигаронро аз сироятӣ коронавирус ҳифз намоед» гузаронида шуд.
Ин чорабинӣ дар бозори Панҷшанбеи Ҷ. А. Ҳасанов Истгоҳи автомобили Ҷ. А. Ҳасанов, мактаби №8, МСД А. Ҳасанов, дар маҳалаи «Ҳаёти нав» мактаби №21, дар Ҷ. Турсуннзода дар маҳалаи Камоли Хуҷандӣ, дар мактаби №55 ва дар бозори сари пул ва бозори Сабо, истгоҳи шоҳ роҳи Шаҳринав Душанбе ин аксия чорабиниро гузаронида аксбардори намудем.
Дар ин аксия чорабинӣ ба шаҳрвандон маводҳои иттилоотӣ оиди пешгирии COVID -19 тақсим карда шуд.
Кормандони Муассисаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази Санитарӣ эпидемиологии ноҳия бо баландгӯяк дар байнӣ аҳолӣ оиди пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.