Худ ва наздиконатонро аз бемории ВНМО муҳофизат намоед

203

Дар солҳои охир бештари мардум ба бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ аз беаҳамиятии саломатии худ гирифтор мешаванд. Сабабҳои гирифторшавӣ ба чунин бемориҳо бештар аз алоқаи ҷинсӣ ва нашъамандони тазриқӣ мегузарад. Вируси норасоии масъунияти одам бемории сироятии виру­сии антропозӣ буда, ангезандааш ретровирусҳои лимфотропӣ мебошад.

Дар солҳои охир таъсири эпидемияи ВНМО дар Ҷум­­ҳу­рии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст, ав­валин ҳолати сироятшавӣ ба ВНМО дар ҷумҳурӣ соли 1991 ба қайд гирифта шуда буд. Бештари сироятшудагон ин сину соли ҷавон аз 19 то 45-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 1984 Вируси норасоии масунияти одамро олими Амрико Гало ва олими Фаронса Л. Монтанье бо кормандони донишкадаи Париж ба номи Л. Пастер аз хуни беморони ги­риф­тори ВНМО ҷудо намудаанд. Барои ин кашфиёт онҳо сазовори мукофоти ҷаҳонии Но­бел гаштаанд.

Ба гурӯҳи таҳдидкунандаи хатари сироятӣ ВНМО мардҳои гомосексуалист, нашамандони “сӯзанхал”, ­фоҳишаҳо, ашхосе, ки ҳамхобаи худро зуд-зуд иваз меку­над, ҳамчунин кӯдакони аз модари сироятёфтаи ВНМО таваллуд шуда мансубанд.

Вируси норасоии масъунияти одам аз ҳоҷатхона, ҳаммом, ҳавзҳои оббозӣ, ҳангоми бӯсидан, оғуш кардан, хӯрок хӯ­рдан, ҳамчунин ба воситаи сачоқ, косаву табақ, даст­фишорӣ, атса задан ва га­зи­дани ҳашарот намегузарад.

Муолиҷа ва пешгирии бемории Вируси норасоии масъунияти одам қатъи назар аз он, ки тадқи­қот­ҳо ва омӯзиш нисбат ба ин навъи  сироят бо суръат давом до­рад, то ҳол роҳи муолиҷаи босамари он муайян карда нашу­дааст. Барои пешгирии ВНМО риояи қоидањои хунгирӣ, истифо­даи сӯзандору ва асбобҳои тиббии тамиизшуда, мубориза бо нашъамандӣ, ба кор бурдани воситаҳои муҳофизии алоқаи ҷинсӣ (рифола) зарур мебошад.

Таҳияи: Бахтовар Комёбов Мутахассиси МД
“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.