Тавре ба ҳамагон маълум аст, шуруъ аз 21 июни соли равон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Вобаста ба ин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор, аз ҷумла, пурзур намудани ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ, андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул намуд.
Мутаасифона, вақтҳои охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон нисбат ба саломатии худ беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд, ки ин метавонад хуруҷи бемориро зиёд намояд. Вобаста ба ин мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба аҳолии мамлакат тавсия медиҳанд, ки бе зарурат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор накунанд, пӯшидани ниқоб, нигоҳ доштани фосила, бо собун шустани дастҳо ва истифода бурдани антисептикҳоро риоя намояд. Зеро, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.
Бино ба тавсияи мутахассисон шустани дастон дар чунин ҳолатҳо муҳим аст:
— баъд аз атса ё сулфа,
— ҳангоми нигоҳубини бемор,
— пеш аз тайёр кардани хӯрок ва пас аз он,
— пеш аз хӯрок хӯрдан,
— баъд аз ҳоҷатхона,
Дигаронро аз беморӣ ҳифз намоед!
— ҳангоми сулфазанӣ ва таби баланд аз робитаи наздик бо дигарон дурӣ ҷӯед,
— аз туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунед,
— агар дар худ табларза, сулфа ва нафаскашии душвор эҳсос намудед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед.
МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»