ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ҒИЗОИ МАКТАБИРО ДАР ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ НАМУДАНД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) имрӯз дар шаҳри Душанбе Барномаи давлатии рушди ғизои мактабиро барои давраи солҳои 2022-2027 муаррифӣ намуданд. Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
“Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории пайвастаи Федератсияи Россия, ғизои мактабӣ ба як барномаи пешқадами БОҶ табдил ёфта, ба некӯаҳволии садҳо ҳазор хонанда дар саросари кишвар мусоидат менамояд,” қайд намуд Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) дар Точикистон Адҳам Мусаллам.
«Бо таъмин намудани мактаббачагон бо хӯрокҳои солим ва серғизо имрӯз, мо на танҳо ба кӯдакони Тоҷикистон кӯмак мерасонем, то ки ба воя расанд ва хубтар омӯзанд, балки одати истеъмоли ғизои солимро дар тӯли умр ба наслҳои оянда мерос мегузорем, » илова намуд Адҳам Мусаллам.
Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин барономаи БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки масъулиятнокии бисёрсолаи БОҶ-ро нисбат ба кӯдакони Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо ифода менамояд. Аз соли 1999 инҷониб БОҶ бо ҳукумат барои амалӣ намудани ғизои мактабӣ ҳамкорӣ менамояд. Ҳудуди 440,000 хонанда дар 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳр ба шарофати ин барнома ҳамарӯза аз хӯроки гарм баҳра мегиранд. Барномаи БОҶ инчунин барои тармим ва сохтмони ошхонаҳои мактабӣ, нонпазхонаҳо ва гармхонаҳо кӯмак расонид ва хизматрасониҳои экспертӣ анҷом додааст.
Федератсияи Россия донори асосии Барномаи ғизои мактабӣ ва фаъолияти БОҶ дар кишвар ба шумор меравад. Аз соли 2013 бештар аз 80 миллион доллари ИМА аз ҷониби Федератсияи Россия ҷудо гардидааст.