Хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар аст

162

Ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад.  Ин рӯз шурӯъ аз соли 2005 инҷониб ҳамасола таҷлил  карда  мешавад. Мақсад аз таҷлил  ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорҳо мебошад, зеро донори  хун  шудан имкон медиҳад, ки ҷони чандин беморон аз марг наҷот дода шавад. Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ,  барандаи ҷоизаи нобелӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин шуда гурӯҳи хунро муайян намудааст, бахшида шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд ва  системаи иммунитети шахсро низ мустаҳкам менамояд.

Тибқи маълумотҳои  Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, шахсони аз 18 то 65-сола, ки тарзи ҳаёти солим пеш мебаранд, донори хун шуда метавонанд. Дар баробари синну сол вазни хунсупоранда ё донор низ аҳамияти калон  дорад ва он набояд аз 50 кг кам бошад. Нафаре, ки хоҳиши хунсупорӣ дорад қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад то  гурӯҳи хун муайян карда шавад. Инчунин, ба ӯ ташхиси гемоглобин гузаронида, дақиқ карда мешавад, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, ба монанди СПИД, ВИЧ, гепотити В, С, сифлис ва ё ягон бемориҳои сироятии ба ҳаёти шахс хатарнок мавҷуд ҳаст ё не.    Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Ҳамзамон нафароне, ки дорои  нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ҳастанд, метавонанд пас аз муддати бартараф  шудани нишондиҳандаҳо хун супоранд.

Донори хун будан ё хун супоридан дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба одат табдил ёфтааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон низ раванди хунсупорӣ рӯ ба афзоиш аст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» барои «Донори фахрӣ» шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Унвони мазкур имкон медиҳад, ки донорон аз баъзе имтиёзҳо:  ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ, истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ баҳравар шаванд.

        МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.