Хусусиятҳои фоидабахшии ҷуворимакка.

127

Ҷуворимакка- ин донаҳои растаниест, ки аз паҳлӯи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд ки  рангаш зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунҷӣ дорад дар таъм агар расида гардад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб мепазанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст. Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебошад. Мизоҷи ин моил ба гармӣ  ва дар дараҷаи дувум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, камее боднок, ғизоияташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро рафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст.Ҷуворимакка растании яксола, аз оилаи хӯшадорҳо мебошад. Ватани ҷуворимакка Америкаи Марказӣ буда, онро сайёҳон ба Аврупо оварданд, ки баъдтар ба дигар мамлакатҳои қитъаи Осиё паҳн гардидааст.Ҷуворимакка растании рӯшноипарвар  ва гармидӯст мебошад. Поя, барг ва хӯшагули нағз инкишофёфта дорад.

Ҷуворимакка зироати пурқимати хӯрокӣ барои инсон ва чорво мебошад. Аз дон, поя ва сӯтаи он зиёда аз 150 маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд.Ҷуворимакка аҳамияти махсуси техникӣ дорад. Аз дони он оҳар (крахмал), шира, орд, равған, спирт, кислотаи (ҷавҳари) сирко, каучуки сунъӣ ва ғайраҳо истеҳсол мекунанд. Аз поя, сӯта ва барги он коғаз, вискоза, масолеҳи изолятсионӣ, пӯки сунъӣ, навори кино, ширеш ва дигар масолеҳ тайёр карда мешавад. Ҷуворимакка 26 унсури кимиёвӣ дорад ва бадани инсонро бо миқдори зиёди маводи ғизоӣ таъмин мекунад. Гузашта аз ин, аз ҷиҳати таркиби витаминҳо, микроэлементҳо ва кислотаҳои муфиди ғалладона, он аз ҳама зироатҳои лӯбиёгӣ ба таври назаррас бартарӣ дорад.Ва ин витаминҳо.

В – системаи асабро қавӣ мегардонад.

C – масуниятро баланд месозад.,

D – барои устухонҳо зарур аст,

E – вазъи пӯст ва мӯйро беҳтар мекунад,

K – ба системаи дилу раг таъсири муфид мерасонад.

Агар шумо дар парҳези худ ҷуворимакка дошта бошед, пас шумо дар бораи узви муҳими худ ҷигар  ғамхорӣ мекунед. Маҳсулоти ҷуворимакка ба  – пешгирии гепатит ва холесистит кӯмак мерасонад. Он инчунин як роҳи олии тоза кардани холестирини бад аз бадани шумост. Ҷуворимакка барои одамоне, ки гирифтор бемории рӯдаҳо, гурдаҳо ва гадуди зери меъда муфид аст,

Дар кадом ҳолат истеъмоли он ба шумо тавсия намешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки ҷуворимакка на ҳама вақт ба саломатӣ фоида меорад, масалан агар шумо захми меъда ё рудаи дувоздаҳангушта дошта бошед, шумо бояд аз истеъмоли он  даст кашед. Онро шахсоне  намехӯранд, ки дар лахташавии хун мушкилот доранд ё хавфи лахташавии хун дар онҳо мавҷуд мебошад.

 Хусусиятҳои муфиди ҷуворимакка

Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки мисли ҳама ғалладонагиҳо, ҷуворимакка  иштиҳоро қонеъ мекунад,  Донаи он  дорои миқдори зиёди биотин мебошад, ки дар якҷоягӣ саломатӣ ва зебоии пӯстро таъмин мекунад. Донаҳо инчунин аз магний бой мебошанд, ки барои солимии дил заруранд, оҳан ки барои саломатии мо ва  хун зарур аст, ва  калсий  ки қувваи дандонҳо ва устухонҳоро таъмин мекуна дар таркиби  ин маҳсулот зиёданд. 

Манфиатҳои ҷуворимакка барои занон

Манфиати чуворимакка барои занон бениҳоят  калон аст. Ин  маҳсулот дорои витаминҳои ҳалшавандаи фарбеҳ ва биотин – унсурҳои муҳим барои саломатии пӯст ва мӯи зан мебошад. Мавҷудияти оҳан арзишманд аст, ки истеъмоли кофии он пешгирии камхуниро таъмин мекунад, ки аксар вақт дар занон инкишоф меёбад. Инчунин қайд кардан бамаврид аст, ки витаминҳои дар боло зикршуда на танҳо метаболизми баландсифат, балки фаъолияти мӯътадили системаи асабро ба танзим медароранд. 

Манфиатҳои ҷуворимакка барои кӯдакон.

Барои кӯдакон, низ зарур аст,  ки ҳар рӯз миқдори зиёди витаминҳо ва минералҳоро дар маҷмӯъ қабул кунанд  зеро организми онҳо дар ҳолати рушд кардан мебошад. Ҷуворимакка як унсури арзишманд дар ғизои мутавозуни кӯдакон  аст.Илова бар ин, он дар иммунитет нақши муҳим дорад. Дар якҷоягӣ, витамини Е ва селен имунитетро мустаҳкам месозад  ва барои мубориза бо ҳама гуна сироятҳо ва вирусҳо кӯмак мекунанд.Маҳсулоти ҷуворимакка  инчунин дорои хосиятҳои зидди гельминтикӣ мебошад, ки боз ҳам барои кӯдак арзишманд аст, зеро кӯдакон ҳамеша дар хатари сироятёбӣ  мебошанд.

Тарзи омодакардани ҷуворимакка ва истифодааш дар маҳсулоти хӯрока.

Ҷуворимаккаро  дар хӯроку хуришҳо васеъ истифода мебаранд,ин маҳсулотро тавассути консервакунонӣ низ омода месозанд.Дар фаслҳои тирамоҳ маҳсулоти тару тозаи он барои мо арзону дастрас мебошад.Тарзи обпазкардашудаи ҷуворимакка низ ба саломатӣ фоидаовар  мебошад истеъмолаш ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон муфид аст.

МД”Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ”

мутахассиси марказ- Ятимова Парвина

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.