Иммунизатсия таърихи садсолаҳо дорад, таърихи тиб шаҳодат медиҳад, ки он аз даврони куҳан дар кишварҳои Чину Ҳинди бостон маълум будааст, албатта, на дар сатҳу сифати имрӯз. Дар кишварҳои Аврупо иммунизатсия тақрибан аз соли 1800 ибтидо гирифтааст. Иммунизатсия дар Тоҷикистон ба пойдории Ҳукумати Шӯравӣ дар кишвар рост меояд. Бе ҳеҷ муболиға иммунизатсия тайи даҳсолаҳо миллионҳо кӯдаконро аз бемориҳои вазнин пешгирӣ кардааст, аз дарду ранҷҳо эмин нигоҳ доштааст. Мақсад аз иммунизатсия танҳо солимии инсон, солиму бардам ба воя расидани кӯдакон мебошад.
Тиб тавонист, ки ба туфайли иммунизатсия паҳншавии бисёр бемориҳои вазнини сироятиро боз дорад ва инсониятро, бахусус кӯдаконро аз беморшавӣ наҷот бидиҳад. Имрӯз ба шарофати ваксинагузаронӣ бисёр бемориҳои сироятӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор доранд, мо метавонем ба туфайли иммунизатсия фарзандони азиз, ояндаи хешро аз як қатор бемориҳои хавфнок, мисли гулӯзиндонак (дифтерия), сулфакабутак (коклюш), сил, кузоз (столбняк), сурхча (корь), сурхакон (краснуха), фалаљи кӯдакон (полиомиелит) ва ғайра солиму бардам нигоҳ дорем. Ба таваҷҷуҳи хонандаи азиз мерасонем, ки имрӯз ба муқобили 50 намуд сироят ё худ инфексия ваксинаҳо кашф шудаанд ва мавриди истифода мебошанд.
Ваксинаҳо ба ҷисми кӯдак чӣ таъсир мерасонанд ва чӣ тавр, бо кадом роҳ аз бемориҳо пешгирӣ мекунанд? Ваксинаҳо дар бадани кӯдак ба муқобили бемориҳо масуният (иммунитет) ба вуҷуд меоранд: организмро водор месозанд, ки микробҳо ва вирусҳои ба бадан воридшударо “дар ёд гирад” ва ба муқобили онҳо зиддиҷисмҳо (антителаҳо) ҳосил намояд. Вақте дар бадан зиддиҷисмҳо ҳосил шуданд, ҷисм метавонад алайҳи вирусу микробҳо мубориза барад.
Албатта, ваксинаҳо кӯдакро 100 дарсад аз бемориҳо ҳимоя намекунанд, вале хавфи беморшавиро хеле коҳиш медиҳанд, махсусан дар соли якуми ҳаёти кӯдак. Ин бисёр муҳим мебошад, зеро кӯдак ҳар қадар хурд бошад, масуният иммунитети бадани ӯ ҳамон андоза ба ёрию мадад мӯҳтоҷ аст. Агар кӯдак сари вақт иммунизатсия карда шавад, дар сурати бемор шудан ҳам касалиро сабук мегузаронад ва зуд сиҳат мешавад. Афзун бар ин шумораи модароне, ки бо ҳар сабабе кӯдакро пеш аз вақт ба ғизоҳои сунъӣ мегузаронанд, торафт зиёд мешаванд. Ин амал низ системаи масунияти кӯдаконро коҳиш медиҳад. Маълум аст, ки ғизои сунъӣ ҳеч гоҳ ҷои шири модарро намегирад, вале дар ҳамин ҳолат ҳам, агар кӯдак сари вақт иммунизатсия карда шавад, ӯ аз бисёр бемориҳои сироятӣ наҷот меёбад.
Донистан муҳим аст, ки иммунизатсия чи аз нигоҳи тиб ва чи аз нигоҳи иқтисод ҳам ба падару модарон ва ҳам ба давлат манфиати зиёд дорад. Ин гуфтаро чӣ тавр метавон фаҳмид? Возеҳ аст, агар кӯдак бемор шавад, ин пеш аз ҳам азобу ранҷи падару модар аст, афзун бар ин харидани доруҳо зарба ба буҷаи хонавода мебошад? Кӯдаки солим сарвати давлат, ояндаи кишвару миллат мебошад. Давлат мехоҳад кӯдакон солиму бардам ба воя расанд, на дардманду маъюб. Як роҳи дилпури солим ба камол расидани кӯдак сари вақт иммунизатсия кардани ӯст.
Мутаассифона, солҳои охир кам нестанд падару модароне, ки моҳияти иммунизатсия нағз намефаҳманд, онҳо аз касе шунидаанд ё аз сомонаҳо аз интернет хондаанд, ки эмкунӣ зарар дорад. Оё ин падару модарон боре таваҷҷуҳ кардаанд, ки каси маслиҳатдиҳанда кист, пешааш чист? Ё худ маводи интернетро кӣ навиштааст? Дар чунин ҳолатҳо хуб мешуд, ки падару модарони муҳтарам бо табибон, бо мутахассисон маслиҳат мекарданд, буклету варақаҳоро мехонданд. Падару модарони арҷманд бояд бидонанд, ки кӯдакон барои иммунизатсия гирифтан ҳаққу ҳуқуқи комил доранд, набояд пеши роҳи ин корро гирифт, онҳоро аз ин ҳуқуқашон набояд маҳрум сохт. Пеши роҳи иммунизатсияро гирифтан маънои онро дорад, ки кӯдакро аз солиму бардам ба воя расидан маҳрум созем. Фараз кардем кӯдакро накардед, мабод он рӯз, агар кӯдак ба бемории сил ва ё полиомелит (фалаҷ) гирифтор шавад, азобу ранҷи ӯро кӣ мекашад? Шумо ва фарзанди шумо. Бори дигар ёдрас менамоем, ки тибби муосир дар пешгирии бемориҳои сироятӣ беҳтару хубтар аз ваксинатсия, яъне иммунизатсия ҳеҷ дорую давое кашф накардааст. Инро ҳам гӯшзад меорем, ки дар сурати риояи пураи қоидаҳои гигиена, таъмини оби нӯшокии бехавф ва маҳсулоти хушсифат низ мо наметавонем бемориҳои сироятиро сад дар сад пешгирӣ намоем. Воситаи беҳтарини пешгирӣ ваксинатсия аст.
Ваксинаҳоро беҳтарин ақлҳо, донишмандони номвари дунё кашф кардаанд ва ин ваксинаҳо то дами дар инсон истифода намудан садҳо мартаба аз санҷишу озмоиш гузаштаанд. Донишмандон имрӯз ҳам дар пайи пажӯҳиши ваксинаҳои боз ҳам бехавфу пурсамар кор мекунанд ва ин ҳама ба хотири тандурустии инсоният аст. Гуфтем ва боз мегӯем, ки мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон нақша, графики иммунизатсияи ҳатмӣ доранд. Агар кӯдак иммунизатсия нашуда бошад, ӯро ба кӯдакистону мактаб қабул намекунанд. Дар мавриди дуруст ва аз рӯйи дастурамал гузаронидани иммунизатсия ҳеҷ гуна таъсири номатлубе надорад. Дардманд шудани даст ва баланд шудани ҳарорат зудгузар аст. Муҳим ин аст, ки кӯдак дар мавриди иммунизатсия солиму бардам бошад, ӯро пеш аз иммунизатсия аз муоинаи табиб гузаронидан лозим асту бас.
Дар интиҳо аз мардуми азизи кишвар, аз падару модарон таманно дорем, ки моҳияти иммунизатсияро дуруст фаҳманд ва фарзандони дилбандашонро сари вақт иммунизатсия кунонанд. Ҳадаф, мақсад аз иммунизатсия намудан фақат ва фақат солиму бардамии фарзандон, ояндаи дурахшони онҳост. Дар ин бора ҳеҷ каҷ фаҳмие набояд ҷой дошта бошад.
Таҳияи: Фармони Ҷӯрақул мутахассиси МД
“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”