Иродаи қавӣ коронавирусро мағлуб мекунад!

222

Коронавируси навъи COVID-19 гирди ҷаҳон қадам зада истода тамоми дунёро ба сарсонию саргадони овардааст. Аммо ба ин ҳама сарсонию саргардони нигоҳ накарда, ҳар як шахс бояд иродаи қавӣ дошата бошад ва баҳри саломатии худ ва наздикон ба ин беморӣ мубориза барад. Чунки ба мубориза бурдан метавонем коронавирусро шикаст бидиҳем. Бояд зикр кард, ки одамони изтиробдошта худашонро бештар дар хатар қарор медиҳанд. Абӯалӣ ибни Сино дар мавриди ба таҳлука афтодан чунин гуфтааст, «воҳима худаш ними касалӣ аст, хотирҷами ними саломатӣ ва сабр бошад, саршавии шифо ёфтан аст» аз ин рӯ ҳамаи моро зарур меояд, ки баҳри бемор нашудан ва шифо ёфтан иродаи қавиро аз даст надиҳем.

 Вобаста ба вазъи имрӯза бо равоншиноси кафедраи психиатрия ва наркалогияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Зебо Қодирова суҳбат намуда, бо як чанд суол андешҳои ӯро инҷо гирдоварӣ кардем.

– Вобаста ба вазъи имрӯза, ки сирояти коронавирус мардуми моро ба таҳалука овардааст аз ҷиҳати равонӣ ба мардум чӣ маслиҳат медиҳед?

– Воқеан ҳам яке аз ҳолатҳои вайроншавии асаби инсон ин тарс (стресс) мебошад, яъне асабҳо руҳан осеб мебинад, дигараш ин бехобӣ ва заифшавии эҳсосот, зиёд истифода бурдани маводҳои психоактевӣ ва ё транкулизаторҳо ба ҳаргуна бемориҳо оварда мерасонад. Аз ин рӯ бояд ҳар як шахс дар тамоми ҳолатҳо бо  сабр ва хотирҷамъ бошад, албатта пеш аз ҳама ба ҳаргуна овозаҳои бардуруғ ва беассос дода нашавад.

– Барои иродаи қавиро ба даст овардан нисбат ба ин беморӣ чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем?

– Барои иродаи қавиро ба даст овардан ва аз даст надодан ҳар як шахс бояд дар як рӯз 7-8  соат хоб намояд, чунки дар ҳолати хоб майнаи сари инсон истироҳат намуда қобилияти фикронияш беҳтар мешавад. Инчунин дар ин баробар аз ғизоҳои солим аз ҷумла меваю сабзавот бештар истеъмол намоянд. Дигар ин, ки ҳар як шахс бояд мулоҳизакор бошад ба ҳаргуна суханони сохтакорона дода нашавад,  бештар ба машқҳои варзишӣ машғул шавад, ва пайваста мутолиаи китоб  метавонад  иродаи моро  қавӣ гардонад.

– Қавииродагии мо то кадом андоза метавонад аз доми бемориҳо моро раҳҳо кунад?

– Бештар нафароне, ки ба назди мо равонпизишкон меоянд қариб дар 80-фоизи онҳо на беморӣ балки шахсияти онҳоро мебинем, яъне шахсияте, ки заиф шудааст. Дар ҳақиқат ҳолати руҳияи одам аз шахсият фарқ мекунад, маънои шахсият ин иродаи қавӣ, фикру ақида ва нақшаҳои худро  доштан  аст. Агар 80-фоизи табобат аз иродаи шахс вобаста бошад  пас 20%-и дигар  ба дорую дармон нисбат дода мешавад, аз ин лиҳоз бояд ҳар як шахс кӯшиш кунад, ки иродаи қавии худро аз даст надиҳад.

– Маълумотҳои воҳимаангезе, ки имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд во хурдан мумкин аст, то кадом андоза ба руҳу равонии мардум таъсири манфӣ мерасонад?

– Ба ҳаргуна сару садоҳои беасосе, ки дар ҳоли ҳозир бештар дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм дида мешавад бовар накунанд, чунки вақте шахс ба ҳаргуна хабарҳои бардуруғ бовар мекунад ӯ метавонад ба таҳдиди тарс (стресс) рӯ ба рӯ шавад ва ин метавонад ба инсон бештар таъсири манфии худро расонад. Зеро  дар ҳоле, ки ваҳму воҳима зиёд мешавад бештари одамон чигуна идора кардани худро аз даст медиҳанд, аз ҷумла чигунае, ки як маротиба таъсири воҳимаи коронавирус мардуми моро водор кард, ки ба харидкунии зиёди молу маҳсулотҳои хӯрока даст зананд, ки чунин амалҳо ба иқтисоди оила зарари худро мерасонад. Бояд донист, ҳар як маҳсулот муҳлати истеъмоли худро доро мебошад ва истеъмоли хӯрокҳои пастсифат ҳато аз бемории коронавирус  хатарноктар  аст.

– Дар ин мушкилоти ҷаҳонӣ мардум чӣ корҳоро  аз ҷиҳати равонӣ анҷом диҳанд?

–Дар ин мушкилоте, ки тамоми сайёра гирифтор шудааст, шахс набояд ба ҳаргуна овозаҳои таҳлилнашудаи иқтисодию иҷтимоӣ дода шавад, ҳазорсолаҳо пеш  бемориҳое буданд, ки ин вирус дар пеши он бемориҳо ҳеҷ аст, аз мардум хоҳиш мекунем, пеш аз ҳама хавотир набошанд, инчунин хоҳиш мекунем, ки мардум як мудат робитаи худро бо наздикон тавассути телефонҳои мобилӣ ба роҳ монда аз ҳоли якдигар бохабар бошанд, ин ҳама пешгири баҳри солимии худ ва аҳоли мебошад. Агар шахс ба саломатиаш аҳамияти ҷиддӣ диҳад ӯ метавонад дар баробари худ наздикони худро аз ин бемори эмин нигаҳ дорад.

–Ташаккури зиёд барои суҳабти самимӣ ва тавсияҳои муфид.

Рузноманигор: Азизаи Саид

Шарҳҳо баста шудаанд.