Ҳамасола 11 октябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо фарбеҳӣ ҷашн гирифта мешавад. Агар дар асри ХХ масъалаи фарбеҳиву гирифторӣ ба онро шахсони алоҳида муҳокима мекарданд, ҳоло он ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Яъне доштани вазни зиёд ба саломатии инсон шадидан таҳдид карда, сабаби гирифторӣ ба бемориҳои зиёди дилу рагҳо мегардад ва дар бисёр ҳолатҳо шахсро то ба марг оварда мерасонад.
Мутобиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллиард нафар вазни изофӣ доранд. Бинобар ин ба масъалаи пешгирии фарбеҳӣ ҳамчун масъалаи доғи рӯз дар Тоҷикистон низ диққати калон дода мешавад. Бо ин мақсад дар кишвар «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024″ тасдиқ ва қабул карда шудааст. Таҳлил нишон медиҳанд, ки солҳои охир истеъмоли ками маҳсулоти серғизо ва истеъмоли зиёди ғизоҳои зудтайёршаванда, ғизоҳои серравған, нӯшокиҳои ширини бидуни алкул, шакар ва намак ба афзоиши бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 17% аҳолии кишвар вазни изофӣ дорад ва 11,3% аз фарбеҳӣ азият мекашад. Гузашта аз ин, дар байни кӯдакони аз 6 то 17- сола нишондиҳандаи фарбеҳӣ 4,7% -ро ташкил медиҳад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки сокинони кишвар маҳсулоти хамирӣ ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол мекунанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти нонӣ дар солҳои мухталиф аз 36,5% (2012) то 28% ғизои дастархони тоҷикистониёнро ташкил медиҳад.
Сабабҳои инкишофи бемории фарбеҳӣ гуногун буда яке аз онҳо вайроншавии таркиби ғизои аҳолӣ мебошад.
Инчунин, вазни бадан метавонад аз ҳисоби банд мондани моеъҳо дар бадан зиёд шавад. Омилҳои дигари фарбеҳӣ истеъмоли аз ҳад зиёди ғизо, тарзи ҳаёти камҳаракат, камбуди хоб, ғизоҳои дорои калорияи баланд ва чарбҳо, такони рӯҳии тӯлонӣ (стресс) ва ирсият мебошад.
Одамони гирифтори фарбеҳӣ умри дароз намебинанд. Ин гуна одамон бештар аз фишори баланди хун, диабети навъи 2, баъзе намудҳои саратон (саратони сина, саратони рӯдаи ғафс) ва рӯдаю меъда азият мекашанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки одамони гирифтори вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ реҷаи истеъмоли вояҳои ғизои парҳезиро тартиб бидиҳанд, маҳсулоти ғизоии истеъмолшуда ва ҳаҷми онро дар он сабт кунанд. Ҳангоми риояи мунтазами ин реҷа фарбеҳӣ аз байн хоҳад рафт.
Фарбеҳӣ бемории ҷиддӣ буда, ба ғайр аз ҳолатҳои болозикр сабаби инкишофи дигар касалиҳо, аз қабили атеросклероз, инфаркти миокард, газаки талхадон ва касалии қанд мешавад.
Инчунин мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки кам истеъмол намудани миқдори карбогидратҳои одӣ (шакар, конфет, торт, мураббо ва ғ.), маҳдуд намудани истеъмоли чарбӣ (гӯшту маҳсулоти гӯштии пурчарб, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд) дар ғизо, ба таври васеъ истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тоза, кабудӣ, омода намудани таомҳо аз ғалладонаю лўбиёгиҳо, риояи реҷаи истеъмоли 5-6 маротибаи ғизо бо маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти ангезандаи иштиҳо ва маҳдуд намудани истеъмоли намаки ошӣ то 5 г барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ мусоидат мекунанд.
Тибқи пешгӯиҳои ТУТ то соли 2030 тақрибан 41% шумораи умумии аҳолӣ аз вазни зиёдатӣ хоҳад дошазиятмекашанд. Дарвоқеъ, фарбеҳӣ асосан яке аз оқибатҳои вайрон кардани тарзи ҳаёти солим буда, боиси мураккабии минбаъда ва сабаби дигар бемориҳои ҷиддӣ мегардад.
МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”