Истеъмоли маҳсулоти хамирӣ ва шириниҳои аз ҳад зиёд шахсро ба бемории фарбеҳӣ оварда мерасонад

180

Фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои  доғи рӯз дар асри 21 маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1,7 миллиард нафар аз вазни изофӣ азият мекашанд. Аз ин рӯ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии фарбеҳӣ ҳамчун масъалаи доғи рӯз диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024″  қабул карда шуд.

Фарбеҳӣ хатари ҷиддитарин ба саломатии одамон маҳсуб ёфта, сабабгори он пурхӯрӣ, истеъмоли хурокҳои тезтайёр, вайроншавии таркиби ғизо, камҳаракатӣ, камхобӣ ва стресс (такони рӯҳии тӯлонӣ) мебошад.  

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17% аҳолии кишвар вазни изофӣ дошта 11,3% аз фарбеҳӣ азият мекашад. Гузашта аз ин, дар байни кӯдакони аз 6 то 17- сола нишондиҳандаи фарбеҳӣ 4,7% -ро ташкил медиҳад.

Ба зикри мутахассисон сокинони кишвар маҳсулоти хамирӣ ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол мекунанд.

Ғизошинос, мудири кафедраи гигиенаи муҳити атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, доктор илмҳои тиб Ҳотамбек Хайров бар ин назар аст, ки истеъмоли ғизо бояд тамоми рӯз назорат карда шавад. Реҷаи дурусти истеъмоли ғизо барои инсон 3-4 маротиба буда, он бояд ҳангоми наҳорӣ 25%, нисфирӯзӣ 45% ва шом 15%-ро ташкил бидиҳад. Риоя накардани парҳез ва истеъмоли ғайри саривақтии ғизо боиси пайдоиши бемориҳои меъдаю рӯдаҳо ва бемориҳои дигар мегардад.

Ба зикри мавсуф одамони гирифтори фарбеҳӣ умри дароз намебинанд ва ин гуна одамон бештар аз фишори баланди хун, диабети навъи 2, саратони сина, саратони рӯдаи ғафс ва рӯдаю меъда азият мекашанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки одамони гирифтори вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ реҷаи  истеъмоли вояҳои ғизои парҳезиро тартиб бидиҳанд, маҳсулоти ғизоии истеъмолшуда ва ҳаҷми онро дар он сабт кунанд. Ҳангоми риояи мунтазами реҷа метавон фарбеҳиро аз байн бурд.

Инчунин мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки кам истеъмол намудани миқдори карбогидратҳои одӣ (шакар, конфет, торт, мураббо ва ғ.), маҳдуд намудани истеъмоли чарбӣ (гӯшту маҳсулоти гӯштии пурчарб, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд) дар ғизо, ба таври васеъ истеъмол намудани меваю сабзавоти тару тоза, кабудӣ, омода намудани таомҳо аз ғалладонаю лўбиёгиҳо, риояи реҷаи истеъмоли 5-6 маротибаи ғизо бо маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти ангезандаи иштиҳо ва маҳдуд намудани истеъмоли намаки ошӣ то 5 г барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ мусоидат мекунанд.

                                                                                                                                                                                        “Ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.