Истиқлолият муборак бод.

164

         Дар давоми 31 соли истиқлол бо сарвари оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеъаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як силсила дастовардҳои беназир ноил гардид.Аз Истиқлол то Истиқлол дар муассисаҳои тиббии мамлакат амалӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат идома ёфта, дар самти таъмин ва воридсозии техникаи муосири ташхисию табобатӣ муваффақиятҳо назаррасанд.
          Дар ин рӯзи фирӯз ҳамаи шуморо ҳамватанони азизу меҳрубон бо Ҷашни пуршукӯҳи 31-умин солгарди Истиқлоли Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳнияти фаровон гуфта,бароятон саломативу сарбаландӣ ва дар кору фаъолияти пурсамаратон нерӯи тоза ва комёбиҳои нав орзумандам.
          Бигузор, Ҷашни истиқлолият ба кишвари мо шукуфои ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирузии комил оварад.

Парвина Мухтарова директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.