Иваз шудани фасл ба вуҷуд омадани бемориҳои мавсимиро ёдрас менамояд.

244

Иваз шудани фасл ба вуҷуд омадани бемориҳои мавсимиро ёдрас менамояд.Вақте ки фасли тирамоҳ ва зимистон фаро мерасад аз иваз шудани ҳавои гарм ба сард як қатор бемориҳои дигар хуруҷ мекунанд.Аз ҷумла бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас,бемории илтиҳоби гулӯ,( фарингит ларингит тонзилит)  илтиҳоби ҳалқум, бемориҳои илтиҳоби ковокиҳои димоғ, илтиҳоби найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас, илтиҳоби шушҳо ва инчунин  дар назар дошт,  ки аз инфексияҳои ғизои заҳролудшавӣ низ бемориҳои сироятиро ба вуҷуд меорад. Саршавии беморӣ бо зуком оғоз гашта ба пайдоиши дигар бемориҳо замина мегузорад. Ин беморӣ ҳангоме ки организми одам ба сардӣ пурра мутобиқ  нашудааст, инчунин ҳангоми суст шудани қувваи муҳофизатии организм (иммунитет) пайдо мегардад. Бо ин далел бояд қайд кард, ки зуком бештар ба кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад. Оризаҳои ин беморӣ хавфноканд. Илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш (отит), бронхити шадид ва дигар бемориҳоро ба вуҷуд меорад. . Ин  бемории шадиди сироятии вирусӣ тавассути роҳи нафас мегузарад ва давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад.  Нишонаҳои ин беморӣ  чунин мебошад:  баландшавии ҳарорат, атсазанӣ ва сулфазанӣ, тайғир ёфтани  овоз, душвории нафаскашӣ, луобшории зиёд аз бинӣ  Оризаҳо (паёмад)-и хатарноки бемориҳои мазкур варами майнаи сар, пайдошавии ихтилоҷҳо, нафастангиро ба вуҷуд меорад. Барои табобати бемориҳои роҳҳои нафас  дар ҳолати сабук табибон тавсия медиҳанд дар хона муолиҷаро гиранд дар ҳолати ҷараёни вазнин бошад, алалхусус кӯдакони то синни 5-сола, ҳатман бояд дар шароити беморхона ба табобат фаро гирифта шаванд. Беморонро мебояд муваққатан аз иштирок дар коллективҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  худдорӣ намоянд. Инчунин, тарзи ҳаёти солим, истифодаи ғизои дурусти аз витаминҳо бойбуда , пӯшидани либоси гарми мавсимӣ, дар манзилҳо ва утоқҳо нигоҳ доштани гармӣ дар ҳолати меъёрбуда  яъне 20-260С истифодаи ниқобҳои тиббии яккарата роҳҳои асосии пешгирии ин бемориҳо мебошад. Риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ низ яке аз роҳҳои пешгирикунанда аз сироятёбӣ  ба ҳисоб меравад.  Бо худмуолиҷа машғул шудан ва бе назорат истифода намудани маводҳои доруворӣ ба саломатии Шумо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳолати пайдошавии ин бемориҳо истифодаи хӯрокҳои гарми якум, нушокиҳои гарм, чой бо лиму, чой бо мураббои мармиҷонӣ, бештар истеъмол намудани пиёз, сирпиёз ва ҳама гуна маҳсулоти дорои витамини С тавсия мешавад (ин витамин дар мубориза бо вирус кӯмак мерасонад). Чун ин бемории вирусӣ аст, қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шуштани дастҳо бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90%-и  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.  

Дар  охир ба шумо  таъкид менамоем ки вақте ба шамолкашии оддӣ гирифтор шудед нисбати саломатии худ бепарвои зоҳир накунед чунки беаҳамиятии шумо метавонад сабаби аз даст додани  беҳтарин неъмат саломатиятон гардад пас худ ва наздиконатонро аз тамоми бемориҳо  муҳофизат намуда ҳаёти солимро  як қисми саломатии худ донед ва аз сардиҳои дар пеш истода худро эмин нигоҳ доред.

 

“Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти  солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.