Ҷаласаи навбатии директорони Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим-и вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур баргузор гардид.

370

Санаи 29- сентябри соли 2022 тибқи нақшаи кории Марказ ҷаласаи навбатии директорони марказҳои ташакулли тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода  ва ёрии фаврии тиббӣ Ҷаъфаров Наврӯз иштирок намуданд. Дар ҷараёни нишаст вобаста ба фаъолияти нуҳмоҳаи марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ба таври презинтатсия пешниҳод карда шуд. Ичунин вобаста ба иҷрои барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар 9-моҳи соли 2022 ҳисобот пешниҳод гардид.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.