Ҳамасола дар фасли тобистону тирамоҳ ҳар як кадбону дар баробари машғул шудан ба пухтупаз боз ба бастабандӣ аз меваю сабзавот, нӯшобаву мураббо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ машғул мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз қадимулайём мардуми тоҷик аз фарҳанги захирасозии ғизо бархурдор буда, то имрӯз кушиш мекунанд, баҳри хуб гузаронидани зимистон бо аъзои оилаашон аз маҳсулоти аввалияи ғизо на танҳо барои зимистон балки ба қадри эҳтиёҷоти солонаи оила, яъне то ҳосили оянда захира намоянд. Зеро дар фасли сармо талабот ба ин маҳсулот зиёд мешавад.
Имрӯзҳо дар баробари захира намудани афшура, мураббо ва консерваҳо барои зимистон ба беаҳамияти роҳ дода, маҳсулоти ғизоӣ нағз тамиз намешавад ва он зарфҳое, ки ба он маҳсулоти омодашудаашонро маҳкам менамоянд, онҳо ба таври зарурӣ коркард карда намешавад. Дар ин ҳолат консерва ба вайроншавӣ рӯ оварда, сабаби заҳролудшавӣ ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунанда оварда мерасонад.
Маврид ба зикр аст, ки ботулизм яке аз бемориҳое мебошад, ки вобаста ба тарзи дурусти истеъмол кардани ғизо алоқамандии зич дорад. Агар маҳсулоти ғизоӣ нағз коркард карда нашавад, яъне дар ҳолати омода намудани он ба тозагӣ риоя накунанд, он маҳсулоте, ки барои зимистон омода карда мешавад, намуди худро гум карда, рӯ ба вайроншавӣ меорад. Барангезандаи бемории ботулизм ин нейротоксинҳое аст, ки дар ҳолати беҳавоӣ афзоиш меёбад ва дар ин ҳолат токсинҳои худро ҷудо карда, истеъмолкунандаро заҳролуд мекунад, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба марг оварда мерасонад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки агар дар маҳсулот токсини ботулизм афтида бошад, шахс ҳатто дар вақти чашидан ҳам метавонад заҳролуд шавад. Аз ин рӯ дар ҳолати истеъмоли консерваҳое, ки дар шароити хона омода мешаванд ба беаҳамияти роҳ надиҳанд, инчунин ба намуди зоҳирӣ ва ҳолати онҳо аҳамият диҳанд. Консерваҳо набояд дар ҳолати кушодан бо фишор кушода шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки дар робита ба ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз тарафи мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба ботулизм, сабабҳои пайдоиши он, оқибати ин беморӣ ва дар ҳолати омода намудан ва истеъмоли он боэҳтиёт буданро таъкид менамоянд.
Дар баробари омода намудан аз консерваҳо дар шароити хона, имрӯз мо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ чандин корхонаҳои хурду бузург ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти консервашуда ва меваҳои ватанӣ машғул мешаванд, ки ҳамарӯза сокинонро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамоянд ва ба саломатии онҳо хатаре ворид намекунад, ҳар нафаре, ки мехоҳад аз консерва истифода барад метавонад аз он истеъмол намояд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз хабари заҳролудшавӣ дар деҳаи Меҳргони ҷамоати И. Шарипови ноҳияи Данғара дар натиҷаи истеъмоли консерваи бодиринг ва помидори дар шароити хона тайёркардашуда 11 нафар узви ду оила заҳролуд гардида, 9 нафари онҳо дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шуда буданд, мутаасифона 1 нафар аз заҳролудшудагон фавтид. Аз ин рӯ баҳри омода намудан ва истеъмоли консерваҳо ба беаҳамияти роҳ надиҳед, чун беаҳамиятии мо метавонад ба саломатии худ ва наздиконамон зарар расонад.