Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш. Ҳисор ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус дар кӯчаву бозорҳо, марказҳои савдо, беморхонаҳо ва ҷойҳои серодам мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Мақсад аз чунин корҳои омафаҳмонӣ баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус мебошад.