Бо мақсади пешгирӣ намудани аҳолӣ аз сирояти коронавирус дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим тариқи баландгӯяк бо истифодаи нақлиёт дар кучаву хиёбонҳо гаштугузор намуда ба аҳолӣ маълумот доданд. Ҳангоми додани маълумот аз аҳолӣ дават ба амал оварда шуд, ки бе зарурият ба берун набароянд, аз гаштугузори беҳуда дар кӯчаю хиёбонҳо худдорӣ намоянд, дар ҷойҳои серодам ҷам нашаванд, гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя намоянд, аз ниқобҳои яккарата ва ё бисёркарата истифода баранд, масофаи байни хамдигар, ки на кам аз 1,5 – 2 метр масофа муайян шудааст риоя намоянд такид карда шуд.
Шарҳҳо баста шудаанд.