Корҳои фаҳмондадиҳи оид ба коронавирус дар ш. Конибодом

189

Бо мақсади пешгирӣ намудани аҳолӣ аз сирояти коронавирус дар шаҳри Конибодоми –и вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, баҳри солим нигоҳ доштани худ ва наздикон, дар ҷойҳои серодам аз ҷумла назди бозор, марказҳои саломатӣ, дар кучаву хиёбонҳо бо истифодаи нақлиёт мутахассисон гашту гузор намуда, ба воситаи баландгӯяк ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ҳангоми додани маълумот аз аҳолӣ дават ба амал оварда шуд, ки аз гаштугузори беҳуда дар кӯчаю хиёбонҳо худдори намоянд, дар ҷойҳои серодам ҷам нашаванд,  аз ниқобҳои яккарата ва ё бисёркарата истифода баранд, инчунин ба шахсони калонсол кӯмаки худро расонанд, то ки онҳо ба ҷойҳои серодам нараванд.

Шарҳҳо баста шудаанд.