Мутахассисони “Маркази ташаккули тарзи ҳати солим”-и шаҳри Ҳисор, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истифода аз нақлиёт ва баландгӯяк дар кӯчаву бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои серодам корҳои оммафаҳмонӣ гузаронид. Бояд гуфт, ки ин вируси сироятӣ дар як мудати кутоҳ метавонад зиёде аз одамонро сироят кунад. Аз ин лиҳоз аз ҳар як шаҳрванди кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баромадан аз хона ба қойдаҳои пешгирии ин беморӣ риоя кунанд. Ин амал худ ва наздиконатонро аз сирояти ин беморӣ дур нигоҳ медорад.