Мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз баландгуяк дар бозори Сомони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом миёни савдогарон, харидорон ва роҳгузарҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, як қатор маводҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.