Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ноҳияи Ҷаббор Расулов байни аҳолии ҷамоати деҳаи Ғулакандоз корбари бо усули “Хона ба хона” ба роҳ монда шуд. Мутахассисон бо аъзои оилаи 24 хонавода дар бораи пешгирии бемории ботулизм, аҳамияти риояи гигенаи шахсӣ ва ғизои солим суҳбат намуданд.