Мутахассисони маркизи ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Ҳисор, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус, тавассути нақлиёт бо истифода аз баландгӯяк дар кӯчаву хиёбонҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои серодам аз роҳои пешгирии ин беморӣ ёдовар шуданд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд хуруҷи ин бемории хатарнок дар кишвари мо паст аст, аммо ин маънои онро надорад, ки ба фориғболӣ роҳ диҳем, балки масъулият ҳискарда дастаҷамъона пеши роҳи ин хатарро гирем. Бо мусоидати якдигар метавонем дар пешгирии ин беморӣ муваффақ шавем.