Мутахассисони “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и ноҳия Рашд ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус ва ботулизм дар кӯчаю хиёбонҳо ва марказҳои савдо, як қатор варақаҳои иттилоотӣ овезон намуда бо истифода аз баландгӯякҳо дар ҷойҳои серодам ба сокинон маълумотҳои мушаххас доданд.