Мутахассисони “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и вилояти Суғд оид ба пешгнирии бемории коронавирус ва ботулизм миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни корҳои оммафаҳмонӣ маълум гардид, ки то ҳол баъзе аз шахсон ҷиҳати пешгирии ин ду беморӣ ҳануз ба фориғболӣ роҳ медиҳанд. Чигунае, ки ба мо маълум аст, бемории Ковид-19 ва ботулизм ба саломатии инсон хеле хатарнок аст. Аз ин лиҳоз тақозо карда мешавад, ки дар ин давра ҳар як шахсро зарур аст, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҷиддӣ рафтор намояд.