Корҳои оммафаҳмонӣ оид ба пешгирии ВНМО

150

Мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар ҳамкорӣ ва якҷоягӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам” башида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории пайдошудаи норасоии масуният дар бозорҳои шаҳри Душанбе корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида истодаанд. Инчунин аз ҷониби МД “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам” дар нақлиёти сайёр ташхиси ройгон ба роҳ гузошта шудааст, ки сокинон метавонанд аз ташхиси ВНМО ройгон гузаранд. Илова бар ин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телевизионҳои ҷумҳурӣ ба аҳолӣ маълумотҳои муфассал дода шуда, варақаҳои иттилотӣ тақсим карда шуд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.