Корҳои оммафаҳмонӣ зери унвони “Иммунизатсия усули самараноки пешгирии COVID-19 ва наҷотбахши ҳаёт аст”

197

Бо ташаббуси Ташкилоти  байналмиллалии  тандурустӣ, санаи  7-уми апрел ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ  қайд карда мешавад. Вобаста ба ин рӯз мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Маркази миллии ташхис (Диагностика) бо шиори “Иммунизатсия усули самараноки пешгирии COVID-19 ва наҷотбахши ҳаёт аст”, миёни шаҳрвандон оид ба ройгон будани  санҷидани қанди хун, фишори хун ва машварати табибон бо истифода аз баландгуяк ва суҳбати озод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Инчунин дар раванди корҳои фаҳмондадиҳи як қатор варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба, фишорбаландӣ ва пешгирии бемории сил тақсим карда шуд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.