Корҳои ташвиқоти – тарғиботи тариқи ВАО оид ба пешгири ва паҳншавии коронавирус

229

Чанд моҳи охир бемории хатарнок, ки бо номи коронавирус маъмул  гаштааст, тамоми  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷиҳати пешгири намудани ин  вабои аср  ва баҳри беҳбудии солимии сокинон Раёсати тандурустии  ВМКБ, МТТҲС-и ВМКБ, Кумитаи телевизион  ва  тамоми идораву корхонаҳо, ташкилотҳои давлатӣ  ва  ғайридавлатӣ  дар  пайвастагӣ талошу мубориза бурда истодаанд.  Боиси таасуф аст, ки ин вабои аср бо худ нигарониҳои ҷиддиро  ба амал  овард,  баҳри пешгири намудани он тавассути ВАО аз ҷониби  кормандони тиб инчунин мутахассисони МТТҲС-и ВМКБ, кормандони МНДСЭ –и ВМКБ ва  маркази  саломатии шаҳрӣ миёни аҳолӣ корҳои беҳдоштӣ ва профилактики пешниҳод карда мешаванд. Зимни баргузории суҳбатҳо дар  барномаҳои телевизиони  аз  тарафи  мутахассисони соҳаҳои  гуногун масъали риояи ҳамешагии беҳдошти шахсӣ дар  оила аз ҷумла  шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои  истифодашаванда ба хусус телефонҳои мобилӣ, истифодаи  маҳсулотҳои антисептикӣ, тоза  намудани гирду атрофи хона, риояи фосила на кам аз 2 – метр ҳангоми гашту гузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё дар вақти суҳбат намудан, безарурият аз хона набаромадан ва бо дастони ношуста ба бинӣ, чашм  ва даҳон даст  нарасондан ва истеъмол намудани маҳсулотҳои ширӣ, меваю  сабзавот ва  машғул  шудан ба варзиш тавасияҳо  барраси гардида истодаанд.

ВМКБДар  баробари  ин зимни суҳбатҳо мутахассисони  соҳаи тандурустӣ  пайваста дар барномаҳои  телевизионӣ баромад  намуда аҳолиро таҳкид  менамоянд, ки  ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои беморӣ аз ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафаскашии душвор ба тарсу ваҳм наафтода дар ҳол ба  духтури оилавӣ муроҷиат  намуда худ  ва  наздиконашонро ҳимоя намоянд.

Шоми 20-уми май тариқи барномаи ахбор директори стансияи ёрии таъҷили баромад  намуда арз дошт, ки  расондани кумаки аввалиндараҷа барои беморони ковид-19 вазифаи кормандони ёрии таъҷили аст. Аз ин лиҳоз аз байни кормандони стансияи ёрии таъҷили гурӯҳои зудамал омода  гардида ҳамарӯза барои расондани кумаки аввалиндараҷаи тиббӣ ба маризон омодаанд.

Дар  “Мавзуи руз”-и барномаи телевизионӣ  муовини раёсатии тандурустии ВМКБ Додалиев Н.,  сардухтури касалхонаи вилоятӣ Давлатбеков С.  иштирок намуда оиди пешгири сирояти коронавирус, маълумотҳои омори вазъияти таъмини  ғизо, таъмини доруворӣ  дар беморхонаҳои шаҳру вилоят ахбороти мушаххас пешниҳод намуданд.

ВМКБТаёр намудани видиороликҳо аз тарафи маркази ҳамшираҳои тиббии ВМКБ оид ба тарзи дуруст тоза намудани дастон бо собун ё маҳлулҳои антисептики.

Баромади  мутахассиони  маркази  ташхиси  “ОҒОХОН”  дар  шаҳри  Хоруғ оиди  пешгири  ва  паҳншавии  Ковид -19,  аломатҳои беморӣ,  табобат,  тавсияҳо ва маслиҳатҳои муфид барои занҳои ҳомила  аз тарафи  духтури  занона  Шакармамадова З.  дода шуд.

Оид ба  таҳқиқоти сар задани  вируси нави  COVID-19 дар Тоҷикистон, пешгири, табобат ва тафсияҳо оиди он алакай аз тарафи кормандони соҳаи тиб бахусус кормандони Ташаккули тарзи ҳаёти солими марказҳо ва утоқҳои шаҳру ноҳиявӣ мунтазам мақолаҳо чоп карда мешаванд.

Шарҳҳо баста шудаанд.