Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ тариқи васоити ахбори омма оид ба пешгирӣ ва паҳн шудани сирояти коронавирус

157

Ташаббускори ташкили сисилабарномахои телевизионӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус, яъне хатари паст намудани бемории Ковид-19 МД «Маркази ҷумхуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» – и ВТҲИАҶТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаррӯза бо иштироки мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ, коршиносон, равоншиносон  барномаҳои ташвиқотию тарғиботиро барои аҳолии кишвар пайваста дар шабакаҳои давлатии телевизиони ҷумҳурӣ ба рох мондааст. 

Чунончи, аз моҳи март -апрели соли ҷорӣ то ба ин рӯз мутахассисон дар барномаҳои телевизионии “Дар мавзӯи рӯз”, “Нигоҳ”, “Ахбор”- и шабакаи Тоҷикистон, барномаҳои “Шифои комил”, “Робита”, “Сӯҳбати рӯз”-и шабакаи Ҷаҳоннамо, барномаи “Сӯҳбат” аз шабакаи Синамо, барномаҳои “”Минбар”, “Ҳукм”, “Дар ин замона” шабакаи Сафина баромад намуда,  доир ба бемории коронавирус, аломатҳо, роҳҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, ба тарсу воҳима наафтодан, ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намудан, баланд бардоштани масунияти бадан маълумотҳои заруриро ба бинандагон пешниҳод ва тавсия  менамоянд.

Аз тарафи мутахассисон ба монанди Шукурова С. М. – доктори илмҳои тиб,профессор, Ғаниева М. Х. – директори Маркази милии солимии репродуктивии ВТҲИАҶТ, Давлатов Х. – духтур-сироятшинос ва Холиқов А. – мудири беморхонаи ибни Сино доир ба пешгирии сирояти коронавирус, маълумотҳои оморӣ дар ҷаҳон ва муқоисаи он, аломатҳои беморӣ, марҳилаи пайдоиши нишонаҳо, табобат, муроҷиати шахсоне, ки дар худ нишонаҳо эҳсос намуданд, чи кор кунанд, риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, занони ҳомила чи гуна худро эҳтиёт намоянд ва ҳатман зери назорати духтури занона бошанд,сари вақт ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд, тавсияҳои худро  пешкаш намуданд.

Проффесор, доктори илмҳои тиб- Мироҷов Ғ.М., директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим- Мухторова П.Ш., номзади илмҳои тиб, сироятшиноси кудакона- Саидмуродова Г.М., Анварова С.Б.- мудири шуъбаи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Раупов Фирдавс – мудири шуъбаи таълими Маркази ҷумҳуриявии таълимии клиникии тибби оилавӣ, Раҳмоналиев Орзу- вогиршинос, мутахассиси Маркази

ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим доир ба вазъи эпидемиологии беморӣ ва муқоисаи он бо дигар бемориҳо, омори он, сироятёбии калонсолон ва кудакон ба ин беморӣ, аломатҳо, табобат, роҳҳои пешгирии он ва шахсоне, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд, ба монанди фишорбаландӣ, диабети қанд, саратон, фарбеҳӣ, бемориҳои дилу рагҳо хунгард, ки ба гурӯҳи осебпазир дохиланд, тавсияҳо дода шуд. Инчунин, ҳангоми пайдо шудани аломатҳои беморӣ ҳатман бо духтури оилавӣ тамос гиранд ва ба хона даъват намоянд. Ба худтабобаткунӣ роҳ дода нашавад. Ҳамеша ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, куча, ҷои кор риоя намоянд. Истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатӣ, безараргардонии дастон сари вақт ба анҷом расонида шавад. Баланд бардоштани масунияти бадан, яъне машқи бадан, хоби пурра, истеъмоли ғизои солим маълумоти пурра дода шуд.  

Аз тарафи сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  Аҳмадзода С.М. – профессор, Ҷураев М. Н. – мудири шуъбаи аллергологияи Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, аллерголог, Ҷаъфаров Навруз – сармутахассиси пешбари ВТҲИАҶТ, Ҳусейнзода О.Ҳ. – сироятшинос, Қосимов А.М. – директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ, Набизода Маҳмадраҳим – директори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъмандӣ, равонпизишк доир ба сирояти коронавирус чи гуна беморӣ, пайдоиш, пандемияи ин беморӣ, роҳҳои гузариш, аломатҳои он, роҳҳои пешгирӣ, ба изтироб наафтодани одамон, ба тарсу ваҳм дода нашуда, ба ҳар гуна овозаҳо бовар накардан, танҳо аз расонаҳои расми иттилооти заруриро пайдо намудан, бе тавсияи духтур ба худтабобаткунӣ даст назадан ва ҳар гуна дорувориҳоро аз дорухона харидорӣ нанамудан, бе муоина ва тавсияи духтур ба ташхиси рентгенӣ нарафтан, истифодаи нодурусти маводҳои доруворӣ ва зарари он ба организми инсон ва дигар ҷанбаҳои муҳимро маълумот доданд.

Дар барномаи телевизионии «Нигоҳ» – и шабакаи Тоҷикистон мутахассисон аз Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Расулов Самеъ Раҳмонович – саратоншинос, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Назарова Рухшона –  ғадудшинос, мутахассиси Маркази эндокринологии ВТҲИАҶТ,  даъват шуда буданд. Дар барнома оид ба вазъи имруза шахсоне, ки мубтало ба бемории коронвирус мегарданд, маълумоти саҳеҳ дода, кадом корҳоро ба иҷро расонанд. Махсусан, шахсоне, ки ба гуруҳи хатар дохил мегарданд, онҳое, ки бемории диабети қанд ва саратон доранд, ки осебпазир мебошанд, дар шакли презентатсия васеъ намоиш дода,тавсияҳо пешниҳод карда шуданд. Инчунин, ба тарсу воҳима дода нашуда, ба тахлука наафтанд. Сари вақт бо духтури оилави ё духтури табобати машварат намуда, зери назорати онҳо бошанд.  Кабули дорувориҳоро танҳо бо тавсияи духтурон  иҷро намоянд. Ба худтабобаткуни роҳ надиҳанд. Бе тавсияи духтур аз дорухонаҳо ҳар гуна дорувориҳоро надониста харидори нанамоянд. Истифодаи нодурусти дорувориҳо метавонад ба оризаҳои вазнин оварда расонанд, ки табобати он вазнин мегардад.

 Мутахассисон аз Маркази бемриҳои қалби ВТҲИАҶТ – Собирова Ориёна – мудири шуъба, духтури бемориҳои қалб ва рагҳои хунгард, Бухоризода Комрон- мутахассиси пешбари шуъбаи фармакологияи маводҳои дорувории  Сарраёсати назорати фармасевтии Хадамоти назорати давлатии  тандурустии ВТҲИАҶТ, равоншиносон  Қодирова Зебо  ва Давлатова Майрам иштирок доштанд. Мутахассис оид ба бемориҳои қалб  доир ба вазъи имруза шахсоне, ки мубтало ба бемории коронвирус мегарданд, маълумоти саҳеҳ дода, кадом корҳоро ба иҷро расонанд. Махсусан, шахсоне, ки ба гуруҳи хатар дохил мегарданд, онҳое, ки беморихои дилу рагҳои хунгард,  фишорбаландӣ доранд ва осебпазир мебошанд,  маълумот дода, роҳҳои пешгирии он тавсияҳо пешниҳод карда шуданд. Инчунин, ба тарсу воҳима дода нашуда, ба тахлука наафтанд. Сари вакт бо духтури оилави ё духтури табобатӣ машварат намуда, зери назорати онҳо бошанд.  Қабули дорувориҳоро танхо бо тавсияи духтурон  ичро намоянд. Ба худтабобаткуни роҳ надиҳанд. Бе тавсияи духтур аз дорухонаҳо ҳар гуна дорувориҳоро надониста харидори нанамоянд. Истифодаи нодурусти дорувориҳо метавонад ба оризаҳои вазнин оварда расонанд, ки табобати он вазнин мегардад. Хатман оид ба вазъи саломатии худ ба табиби оилавии худ хабардор намуда истад.

Мутахассис аз Сарраёсати назорати фармасевтии Хадамоти назорати давлатии  тандурустии ВТҲИАҶТ оид ба аҳамият ва  истифодаи барзиёд ё нодурусти истифодаи маводҳои дорувори ба организми инсон маълумот доданд. Таъсири он ба саломатии инсон, хатман аз дорухонаҳо бо тавсияи духтур ва доштани дорухат маводҳои дорувори харидори намуданро таъкид доштанд. Инчунин, кумакҳои башардустона, ки имруз аз ташкилоту идораҳо, шахсони хайрхоҳ  иборат аз маводҳои дорувори, маҳлулҳои безараргардони, лавозимотҳои гигиени барои беморхонаҳо равона гардидааст, тақсимоти онҳо  чи гуна ба роҳ монда шудааст ва ба куҷо ирсол мегарданд, маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки шаҳрвандон ба тахлука наафтанд, маводҳои дорувори дар беморхонаҳо басанда ҳаст ва ҳар гуна дорувориҳои нолозимаро харидори нанамоянд. Дар беморхонаҳо шароит барои нигоҳубин ва табобат хуб ба роҳ монда шудааст.

 Мутахассисони равоншинос ҷиҳати руҳию равони дастгири намудани аҳоли оид ба тарсу ваҳм, ба тахлука наафтодан, худро ба даст гирифтан, ба изтироб наафтоданро пурра шарҳ дода, маълумоти муфид дода шуд. Ҷиҳати ба изтироб афтодан, тарсу ваҳм чи гуна пайомадҳои зарарнок барои ҷисми инсон буда метавонанд. Иммунитети инсонро паст мегардонад ва шахс метавонад ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шавад. Дар ин ҳолат дар хона будан ҳатмист, безарурат ба куча набаромадан ва дар шароити хона падару модар, фарзандон ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад. Хушбин ба оянда будан. Ҳамаи ин ба таври муваққати, гузаранда мебошад.

Чунин барномаҳои телевизионӣ бо иштироки мутахассисон пайваста идома дорад, чунки ин барномаҳо метавонанд барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии тиббию маърифатии аҳолӣ баҳри солимии ҷомеа мусоидат намояд.

Шарҳҳо баста шудаанд.