Тадбирҳои зерин моро аз ин вирус нигоҳ медорад:
- Риояи қойдаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ
- Ҳифзи фосилаҳо байни ҳамдигар дар тамоми ҷойҳо
- Безарурат набаромадан аз хона, мудате нарафтан ба меҳмонӣ
- Кам гашту гузор кардан дар кӯчаву хиёбонҳо
- Ҷамъ нашудан дар кучаҳо, бозорҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва дигар ҷойҳо
- Робитаи наздик надоштан дар дафтари корӣ ва нақлиётҳои ҷамъиятӣ
- Дар навбат паси ҳам наздик наистодан дар беморхонаҳо ва дигар ҷойҳо
- Ҷамъ карда суҳбат наоростан бо ҳамсояҳо дар назди хонаҳо
- Зери назорат гирифтани фарзандон махсусан хурдсолон
- Шӯстани дастон пеш аз омода намудани хӯрок ва истеъмоли он
- Берун аз хона гаштугузор накардан бе ниқобҳои тиббӣ
- Як мудат гирд наовардани дӯстон баҳри ҳамнишинӣ
- Безарурат нарафтан ба айёдати бемор
- Як вақти муайян даст ба даст ва оғуш гирифта салом накардан бо наздикон
- Ба таҳлука наафтодан нисбати ин беморӣ
- Бештари вақти худро дар хона бо наздикон гузаронидан
Ин ва чандин омилҳои дигар метавонад мо ва дигаронро аз сирояти коронавирус муҳофизат намоянд.
Пас биёед канори ҳамдигар истода ин вирусро мағлуб мекунем!
Шарҳҳо баста шудаанд.