Маълумот оид ба бемории сил

204

Бемории сил чист?

Сил бемории ҷидии сироятӣ буда, барангезандаи он чубчамикроби сил (Кох) мебошад, ки метавонад ҳаммаи узвҳои баданро иллатнок намояд. Дар бештари ҳолатҳо он ба шуши одам таъсир мерасонад.  

Панҷ хусусияти бемории сил вуҷуд дорад.

  1. Бемории сил бо роҳи ҳавоӣ ҳангоми сулфа, атсазанӣ ва гуфтугу мегузарад.
  2. Барангезандаи бемории сил чубчамикроби сил (Кох) буда, метавонад ҳамаи узвҳои баданро иллатнок кунад. Бештар чубчамикроби Кох ба шушҳо осеб мерасонад.
  3. Бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки шахси бемор табобати зиддисилиро саривақт ва то охир аз рўи тавсияҳои табиб гирад.
  4. Бемории сил авлодӣ нест. Новобаста аз нест шудани нишонаҳои бемории сил ё беҳтар шудани ҳолати бемор табобати зиддисилӣ бояд аз руи тавсияи табиб то охири табобати таъиншуда гирифта шавад.

Аломатҳои бемории сил.

  1. Сулфаи бардавом, ки 3 ҳафта ё бештар давом мекунад.
  2. Дард дар қафаси сина
  3. Сулфа бо хун ва ё бо балғам.
  4. Бемадорӣ ва хастагӣ.
  5. Арақкунии шабона.
  6. Кам шудани вазни бадан.

Паҳншавии бемории сил.

Бемории сил аз шахси сироятшуда ба дигар одамон тавассути ҳаво ҳангоми сулфа кардан, атсазанӣ ва гуфтугу мегузарад. Бемории сил авлодӣ нест, вале эҳтимоли сироятёбии шахсони наздик, аъзоёни оила, дустон ва ҳамкорон ё ҳамсинфон, ки вақти зиёд худро бо шахси гирифтори бемории сил мегузаронанд.

Дар хотир дошта бошед, бемории сил танҳо бо доруҳои махсуси зиддисилӣ табобат мешавад!

Доруҳои зиддисилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморони сил ройгон дода мешаанд!

Табобати халқӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш метавонанд дар табобати бемор ҳамчун омили ёрирасон хизмат намоянд ва самараи табобатро беҳтар гардонанд.

Ҳеҷ гоҳ ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед!

                                                                 Таҳияи:  Худойқулова Дилафрӯз мутахассиси МД “МҶТТҲС

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.