Маълумоти умумӣ оид ба Сурхакон

190

   Сурхакон (лот. rubella) ё сурхчагулгуна — як навъ бемории шадиди сироятӣ мебошад .Ҳангоми Сурхакон гиреҳҳои лимфавии пушти сар калону дардманд мешаванд, дар пӯст доначаҳо медаманд. Ангезандаи Сурхакон вирус буда, он тавассути ҳаво , оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сулфа, атса, гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад.  Дар муҳите, ки вирус паҳн гаштааст одамони солим онро  нафас гирифта, сироят меёбанд. Ба Сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) гирифтор мешаванд. Одамони калонсол бошад агар дар давраҳои кӯдаки ин бемориро аз сар нагузаронида бошанд эҳтимолияти гирифторшавиашон вуҷуд дорад.  Баъди аз сар гузаронидани ин  беморӣ масъуният пайдо шуда барои дубора гирифтор нашудан  устувор боқӣ мемонад. Беморони ба сурхакон гирифтор шуда  ду шабонарӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд.Давраи ниҳонии ин беморӣ аз 16 то 21 шабонарӯз мебошад.

   Нишонаҳои ин беморӣ чунин  мебошанд:

  • Баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак 
  • Нест гардидани иштиҳо
  • Нороҳат ва инҷик гаштани кӯдак
  • пайдо шудани дарди сар
  • зуком ва сулфа
  • сурх шудани чашмон ва ашкрезӣ
  • пайдо шудани доначаҳои гулобиранги сафедчатоб дар тамоми аъзои бадан

    Кӯдаконе, ки ба сурхакон гирифтор мешаванд, барои пешгирӣ  ва сироят наёфтани дигарон бояд  онҳоро дар утоқи  алоҳида бистарӣ намуда муолиҷаро оғоз намоем. Ба кӯдак оромӣ ва  хӯрокҳои серғизо додан зарур аст . Дар табобати Сурхча тадбирҳои умумии гигиенӣ, парҳез, нигоҳубин аҳамияти калон доранд. Ҳавои утоқи беморро бояд тоза нигоҳ дорем ин барои тезтар хуб шудани бемор ва саломати ӯ фоидабахш аст. Сурхча чор давра дорад: якум – давраи инкубатсия (ниҳонӣ), ки 6 – 18 шабонарӯз тӯл мекашад; дар ин муддат дар организм ягон аломати зоҳирии Сурхча ба вуҷуд намеояд; дуюм – давраи оғози беморӣ, баъди давраи ниҳонӣ сар шуда, 3 – 4 шабонарӯз идома меёбад. Дар ин давра баланд шудани таби кӯдак, зуком, сулфа, гирифтани овоз, сурх шудани чашм ва ашкрезӣ ба мушоҳида мерасад.  

Кӯдакони гирифтори Сурхча инҷиқ, хобпар, беиштиҳо гашта, дарунашон меравад, баъзан зуд-зуд қазои ҳоҷат мекунанд. Дар кӯдакони синнашон калон дарди сар, қай, хунравии бинӣ, дарди шикам мушоҳида мешавад; дар давраи сеюм (давраи пайдо шудани доначаҳо) бемор аз нав таб карда, вазъи саломатии ӯ бад мегардад. Дар рӯзи 4 – 6-уми оғози беморӣ доначаҳои калони сурх пайдо мешаванд. Онҳо аввал дар рӯй, пушти гӯшрухсорапешонӣ падид омада, баъди чанд соат ба тамоми бадан паҳн мегарданд. Пӯст тар  шуда, каму беш хориш мекунад. Ин давра 3 – 4 рӯз давом меёбад. Давраи чорум – сиҳат шудан; аввал доначаҳои рӯй, баъд доначаҳои бадану дасту по тира гашта, ба доғҳои зарди ҷигарӣ табдил меёбанд (онҳо 7 – 10 рӯз боқӣ мемонанд). Пӯст хушк шуда, мисли сабӯсак мерезад. Ҳарорати бадани бемор тадриҷан паст, аҳвол беҳтар мегардад.  Вақте ки ба сурхакон занони ҳомила гирифтор мешаванд хатари сироят ба ҷанин таҳдид мекунад махсусан дар семоҳи аввали ҳомиладорӣ хавфнок ба ҳисоб меравад  ва ин метавонад боиси бо нуқсони модарзодӣ таваллуд шудани  кӯдак гардад аз ин рӯ бояд занони ҳомила нисбати саломатии худ бетараф набуда ҳангоми пайдо шудани ягон аломати бемории сурхакон ба табиб муроҷиат намояд.

         Пешгирӣ

Ягона роҳи пешгирӣ ин сари вақт аз ваксинатсия гузаштани кӯдакон дар давраҳое ки табибон муайян намуданд  ваксина метавонад имунитетро ба вуҷуд орад то ин ки ин беморӣ дар организми мо ба шакли сабук гузарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваксинатсияи сурхча ройгон буда дар 1- солагӣ ва 6- солагӣ гузаронида мешавад. 

                                                                                    

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.