Мард бояд тандуруст бошад
Чунин ном дорад китобе, ки корманди МД “Маркази ҷумҳурии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Ҷӯрақул таҳия ва ба нашр расонидааст.
Китоб дар бораи бемориҳои хоси мардон–простатиту аденома, заъфи неруи мардӣ ва роҳҳои пешгириву табобати онҳост. Сабабҳои пайдоиш, нишонаҳо ва роҳҳои табобати ин бемориҳо кадоманд, қуввату неруи мардиро то айёми куҳансолӣ чӣ тавр метавон ҳифз кард? Таҳиягари китоб ба ин саволҳо ва саволҳои дигар аз сарчашмаҳо посух ҷустааст, дар табобати ин бемориҳо аз манбаъҳои гуногун дорухатҳои тибби мардумиро фароҳам овардааст ва пешниҳоди хонанда намудааст. Муҳаррири илмӣ табиби уролог Икроми Рофеъзода буда, Ҷаҳони Азонзод, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб ба китоб пешгуфтор навиштааст. Китоби мазкур ба мардони синну соли гуногун судманд мебошад. Китоби “Мард бояд тандуруст бошад”- ро аз мағозаҳои китоби шаҳри Душанбе дастрас намудан мумкин аст.